Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп хуруҷи қисми нирӯҳои амрикоӣ аз Олмонро тасдиқ кард 


Доналд Трамп, президенти ИМА. 15 июн
Доналд Трамп, президенти ИМА. 15 июн

Президент Доналд Трамп гуфт, ИМА шумори нирӯҳои мустақар дар Олмонро то 25 ҳазор нафар коҳиш медиҳад, вале ин қарор мояи нигаронии бархе қонунгузорони амрикоӣ ва муттафиқони ИМА дар НАТО шуд. Зимни суханронӣ дар Кохи Сафед рӯзи 15 июн Трамп Олмонро дар он муттаҳам кард, ки ӯҳдадориҳои худ дар заминаи афзоиши хароҷоти дифоӣ дар баробари НАТО-ро иҷро намекунад ва ҳузури низомии амрикоиҳо дар ин кишвар бисёр гарон аст. Ин аввалин тасдиқи расмии хабарҳо дар бораи коҳиши нирӯҳои амрикоӣ дар Олмон мебошад. Олмон бузургтарин шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Аврупоро мизбонӣ мекунад ва коҳиш 9,5 ҳазор низомии доимо ҳузурдошта дар пойгоҳро дар бар хоҳад гирифт. Бархе нирӯҳои амрикоии хориҷшуда ба Полша ва дигар кишварҳо мераванд ва қисми дигар ба хонаҳояшон бармегарданд. Пойгоҳҳои низомии амрикоиҳо дар Олмон барои кӯмак дар таъмини амнияти Аврупо ва ширкат дар амалиёти Ховари Миёнаву Осиё иштирок мекунанд. Дар аҳди Трамп равобити миёни аъзои кишварҳои узви паймони Атлантикӣ шиддат гирифт, чун, ба қавли Трамп, кишварҳои аврупоӣ ӯҳдадориҳои худ дар баробари НАТО дар заминаи харҷи то 2-дарсадии иқтисодашон барои тақвияти НАТО-ро иҷро намекунанд. Вале бархе қонунгузорони амрикоӣ, аз ҷумла ҷумҳурихоҳҳо ҳам ҳушдор додаанд, ки коҳиши нирӯҳо боиси халалдор шудани манфиатҳои амниятии ИМА ва тақвияти мавқеи Русия дар Аврупо мешавад.

XS
SM
MD
LG