Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ният дорад қарор дар бораи ислоҳоти полисро имзо кунад 


Дар давоми чор ҳафтаи гузашта дар ИМА ду амрикоии африқоитабор аз дасти полис кушта шуданд. Эътирози рӯзи 13 июн дар назди Капитолий аз куштори марде дар Атланта
Дар давоми чор ҳафтаи гузашта дар ИМА ду амрикоии африқоитабор аз дасти полис кушта шуданд. Эътирози рӯзи 13 июн дар назди Капитолий аз куштори марде дар Атланта

Президенти ИМА Доналд Трамп нақша дорад қарореро имзо кунад, ки бар асоси он барои беҳтар шудани тамринҳои касбии ходимони полис маблағгузории бештар равона мешавад ва пойгоҳи федеролие барои назорат аз рафтори полис созмон хоҳад ёфт. Имзои қарор рӯзи 16 июн дар назар аст. Ҳоло бо сабаби марги Ҷорҷ Флойд аз дасти полис шаҳру иёлоти мухталиф дар бархӯрд бо эътирозҳои сартосарӣ мустақилона амал мекунанд. Қарори Трамп на ба ҳама талаботи ҳаракати бо номи “Зиндагии сиёҳпӯстон аҳамият дорад” ҷавобгӯ аст, чун фаъолон ба пурра бозбинӣ шудани низоми адлия дар кишвар ба хотири хатми ваҳшонияти полису нобаробарии нажодӣ пойфишорӣ мекарданд. Дар ҳамин ҳол Конгресс гуфтааст, ки дар сатҳи федеролӣ қонуни нави ислоҳоти полисро эҷод мекунад. Маҷлиси намояндагони зери назари демократҳову Сенати таҳти контроли ҷумҳурихоҳҳо тарҳҳои ҷудогонаи худро таҳия доранд.

XS
SM
MD
LG