Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ сохтмони идораи тамос бо Кореяи Ҷанубиро тарконд


Идораи тамоси муштараки Кореяҳоии Шимоливу Ҷанубӣ дар шаҳри Кесонг. Акс аз бойгонӣ
Идораи тамоси муштараки Кореяҳоии Шимоливу Ҷанубӣ дар шаҳри Кесонг. Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури муттаҳидкунӣ дар Сеул хабар дод, ки рӯзи 16 июн баъди раддубадалҳои хашини Пхенян, Кореяи Шимолӣ як сохтмони идораи тамос бо Кореяи Ҷанубиро дар шаҳраки марзии Кесонг мунфаҷир кард. Дар як хабари мухтасар ба матбуот мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки “Кореяи Шимолӣ соати 14:49 дафтари тамос дар Кесонгро тарконд”. Оҷонсии хабарии Yonhap гуфт, изҳороти ҳукумати Сеул чанд дақиқа баъди он садо дод, ки аввал овози таркиш баланд шуду баъдан аз болои як минтақаи саноатии Кесонг, ки идораи тамос он ҷо ҷойгир аст, дуди зиёд ба чашм расид. Қабл аз ин рӯзи 16 июн артиши Кореяи Шимолӣ гуфт, ки барои чораандешӣ дар муқобили Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар манотиқе, ки бар асоси созиши байни ду кишвар аз низомиён холӣ шуданд, “пурра омода шудааст”. Ким Йон Чон, хоҳари бонуфузи раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзҳои истироҳати гузашта гуфт, ки “базудӣ шоҳиди саҳнаи фоҷеабори беаҳамиятии идораи тамоси миёни ҷанубу шимол хоҳем шуд”.

XS
SM
MD
LG