Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ мешаванд


Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов.
Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов.

Мақомоти Узбекистон, ки 10 миллион доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардонданд, ба буҷаи давлат интиқол дода, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд кард.

Дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Узбекистон рӯзи 15 июн хабар дод. Вай гуфт, аз ҷараёни харҷи дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова сокинонро мунтазам огоҳ хоҳанд кард.

Уринбоева афзуд, мақомоти Узбекистон феълан барои баргардонии дороиҳои Каримова дар ҳаҷми 1,3 миллиард доллари дигар аз кишварҳои хориҷ талош доранд.

XS
SM
MD
LG