Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори сӯхтаи Шаҳритусро аз нав месозанд. Зиёни тоҷиронро кӣ мепардозад? ВИДЕО


Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус. 24-уми майи 2020
Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус. 24-уми майи 2020

Маcъулони ҳукумати Шаҳритус гуфтанд, ки зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб карданд. Ҳодиса 28-уми майи имсол рух дод. Ба иттилои расмӣ, сабаби сӯхтор расиши ноқилҳои барқ будааст. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ ва чӣ гуна мепардозад.

Фаридун Сафарбекзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба соҳибкороне, ки дар сӯхтор зарари молӣ диданд, имтиёз медиҳанд. Дар ин ҳодиса ҳафтсад кас зиён дидаанд.

Ӯ гуфт: ​"Бозор то моҳи август пурра сохта ва ба истифода дода мешавад. Соҳибкороне, ки аз бонк ё андоз қарздоранд, ба онҳо сабукӣ медиҳем."

Ҳабиб Юсуфов, мудири бозори марказии ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, азбаски бозор зери итоати "Тоҷикматлубот" аст, азнавсозиашро ин идора ба уҳда дорад.

Тоҷирон мегӯянд, ҳар кадоме аз онҳо зиёни ҷиддии молӣ дидаанд ва дар шароити мушкили коронавирус мақомот набояд онҳоро танҳо бигузоранд. Илҳом, тоҷири бозори марказии ноҳияи Шаҳритус, гуфт, дар сӯхтор дӯкони хӯроквориашро аз даст дод ва 40 ҳазор сомонӣ, муодили 4 ҳазор доллар хисорот дид.

"Ба ҳукумат даъват карда, гуфтанд, ки бозорро месозанд ва соҳибкоронро аз андозу фоизи бонкҳо озод мекунанд. Баъзеҳо на аз бонкҳо, балки аз одамони алоҳида қарздоранд. Гузашта аз ин, зарари расидаро кӣ ва чӣ гуна ҷуброн мекунад, номаълум аст", - афзуд ӯ.

Ба монанди ин ҳамсуҳбати мо тоҷирони дигар ҳам мегӯянд, барои дубора сар кардани кор ба маблағи калон ниёз доранд, чун ҳамаи дороиҳояшон сӯхтааст.

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:12 0:00

Дар гузашта дар чунин мавридҳо мақомот ба тоҷирон ваъдаи кумак карда буданд, вале дертар соҳибкорон гуфтанд, ки ба сахтӣ ва танҳоӣ мушкили худро ҳал намуданд. Мақомот ҳамвора гуфтаанд, ки тоҷирон бима ё суғурта надоштанд ва ҷуброни зарари дидаашон ғайриимкон аст.

Ин дар ҳолест, ки Саймуддин Лоиқов, як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, тоҷирон то ҳадди имкон борҳои худро аз сӯхтор наҷот додаанд, вале ба иддаои ӯ, "барои дарёфти кумаки бештар зиёнро зиёдтар нишон додаанд. Дар наворҳо дидан мумкин аст, ки баъзе аз соҳибкорон борҳои худро кашондаанд."

Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ӯ аз манобеи дигар феълан имкон надорад. Тоҷирон ҳамагуна изофанависӣ ё зиёд нишон додани хисоротро рад мекунанд.

Дар сӯхтори бозори Шаҳритус даҳҳо дӯкону нуқтаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ осеб дидааст. Мақомот мегӯянд, 30 дӯконро аз коми оташ наҷот доданд.

Дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Мақомот мегӯянд, бозори марказии ноҳия зери назорати идораи "Тоҷикматлубот" аст.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез будааст. Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG