Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон то 15 сентябр имтиёз гирифтанд, аммо дигар аз пули патент озод нестанд


Муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, моҳи апрели 2020
Муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, моҳи апрели 2020

Мақомоти Русия муҳлати баъзе аз сабукиҳоро, ки қаблан дар робита бо коронавируси нав ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, дода буданд, дароз карда, баъзеи дигарро бекор намуданд.

Муҳлати сабтином ё санадҳои будубоши муҳоҷирон (регистратсия) дар Русия то 15-уми сентябри имсол дароз карда шуд. Дар ин бора 15-уми июн Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, қарори наверо имзо гузошт. Матни қарор дар пойгоҳи иттилооти санаду ҳуҷҷатҳои расмии ҳукумати Русия нашр шудааст.

Путин дар қарори пешина, ки рӯзи 18-уми апрел содир шуда буд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷикро аз пардохти пули патент (аз 15-уми март то 15-уми июн) озод кард.

Муҳоҷироне, ки ҳоло кор мекунанд ва ё дар оянда соҳиби кор мешаванд, (баъд аз 15-уми июн) аз пардохти пули патент озод нестанд ва бояд онро пардозанд. Танҳо имтиёз ин аст, ки муҳоҷироне, ки соҳиби кор нестанд, ба гирифтани патент ниёз надоранд. Ё вақте муҳлати патенташон ба поён мерасад, бе гузаштан аз марзи Русия метавонанд онро дароз кунанд.

Пештар муҳоҷирон вазифадор буданд, дар ҳар се моҳ як бор сарҳади Русияро бигузаранд.

Бо паҳншавӣ ва густариши коронавирус дар Русия қариб ба муҳлати ду моҳ карантин ҷорӣ шуд. Як намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуфт, дар аҳди коронавирус ба камияш шаст дар сади муҳоҷирон бекору бе даромад мондаанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар ин давра бекор ва бемаош монда, агар дар гузашта ноновари хона дар Тоҷикистон буданд, ба дастнигар табдил шуданд.

Бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, дар шароити сахте қарор гирифта, ба сабаи пардохта натавонистани иҷора аз ҷойи зист маҳрум шуданд. Гуруҳи дигар барои хариди хӯрок пул надоштанд.

Бархе аз соҳибкорон ва гуруҳҳои хайрхоҳ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ба муҳоҷирони дармонда бастаҳои хӯрок хайр карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин кишвар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ба ин шумор донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки ҳам душаҳрвандӣ доранд, дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG