Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳодисаҳои “нажодпарастӣ ва ваҳшонияти полис”-и ИМА-ро таҳқиқ мекунад


Собиқ ходими полиси Анланта Гарретт Ролф ҳангоми бозҷӯии Райшард Брукси 27-сола дар назди тарабхонаи Wendy's шаби 12 июн
Собиқ ходими полиси Анланта Гарретт Ролф ҳангоми бозҷӯии Райшард Брукси 27-сола дар назди тарабхонаи Wendy's шаби 12 июн

Бахши СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфт, ки баъди мавҷи эътирозҳои ҷаҳонӣ бар зидди нажодпарастӣ дар заминаи иттиҳомоти марбут ба “нажодпарастии системавӣ, ваҳшонияти полис ва хушунат алайҳи эътирозгарон” ҷаласае барпо хоҳад кард. Эътирозҳо баъди он шурӯъ шуд, ки дар як ҳодисаи боздошти полис 25 май як амрикоии африқоитабор Ҷорҷ Флойд аз дасти як афсари полиси сафедпӯсти Миннеаполис кушта шуд ва чанд ҳафта баъдаш рӯзи 12 июн як амрикоии сиёҳпӯсти дигар Райшард Брукс ҳам дар Атланта аз тири ходими полис ҷон дод. UNHRC – Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар изҳороте рӯзи 15 июн гуфт, дар паи дархости ҳафтаи пеши Буркина Фасо, ки аз номи кишварҳои африқоӣ ворид шуд, қарор шуд ҷаласае барои баррасии ин масоил барпо шавад. ИМА ба узвияти ин ниҳоди иборат аз 47 узв, мақарраш дар Женева, ворид намешавад. UNHRC ҳақи барпо кардани таҳқиқоти худро дар заминаи қазияҳои мушаххас дорад ва ин созмон ахиран мавриди интиқод қарор гирифт. Ин созмонро дар он муттаҳам мекунанд, ки кишварҳоеро бо нишондодҳои бади ҳуқуқи башар ба узвияташ қабул мекунад. ИМА соли 2018 ин созмонро тарк кард ва гуфт, ки ин шӯро ҳуқуқи башарро масхара кардааст. Дар ҳамин ҳол, хулосаҳои тиббии сабабҳои марги Райшард Брукс ҳокӣ аз он аст, ки ин мард аз ду тири туфанги ходими полисе ҷон дод, ки ба пушташ тир холӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG