Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили тоҷик мегӯяд, барои танқид азобаш медиҳанд, вазорат гуфт, не


Муродхӯҷа Хушмуродов
Муродхӯҷа Хушмуродов

Баъд аз шикояти як вакили маҷлиси маҳаллӣ аз рафтори кормандони милиса, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин вакили ноҳияи Шаҳринавро ба дурӯғгуӣ муттаҳам кард. Вазорат рӯзи 12-уми июн бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ҳангоми санҷиши иддаои Муродхӯҷа Хушмуродов доир ба он ки 10 корманди милиса ӯро бе огаҳии расмӣ ва бо зӯр ба идораи милиса бурда, 6 соат нигаҳ доштанд, асос надорад.

Дар баёния омадааст: "Дар рафти санҷиш (гуфтаҳои вакил) тасдиқи худро наёфт, чунки номбурда барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳи автомобилгард боздошт шудааст, на дар манзили истиқоматиаш." Вазорат гуфтааст, Муродхӯҷа Хушмуродовро ба Шуъбаи умури дохилӣ набурдаанд ва бо ӯ "муносибати дағалона ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони милитсия зоҳир нагардидааст."

Вакили 32-сола рӯзи 25-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 10 нафар аз кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав, ба хона омада, ӯро зӯр ба шӯъба бурданд. Ба гуфтаи Хушмуродов, вақте сабабро пурсид, маъмурони милиса ӯро дашном дода ва "аз гиребонаш гирифта бурданд".

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, Муродхӯҷа Хушмуродовро дар роҳи Душанбе-Турсунзода ва барои он дастгир карданд, ки бар хилофи қоида, дар ақиби мошинаш рақами транзитӣ нагузошта буд. Ҳодиса рӯзи 20-уми май рух додааст. Муродхӯҷа Хушмуродов рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, баёнияи вазорат "умуман нодуруст аст", чун онҳо "омаданд, маро бурданд ва сабти он камераҳои назоратиро, ки дар панҷто мағоза буд, нобуд карданд, ки ҳамин мардак пагоҳ асос наёбад."

Вазорат дар вебсайташ ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳринавро аз рӯзи 4-уми июн нашр кардааст, ки бар асоси он Муродхӯҷа Хушмуродовро барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракат 58 сомонӣ ҷарима бастаанд ва гӯё вакили мардумӣ "аз кирдори содирнамудааш самимона изҳори пушаймонӣ" кардааст.

Муродхӯҷа Хушмуродов, ки ҳуқуқшиносӣ хондааст, эътироф кард, ки дар воқеъ ҳодиса ҷой дошт, вале масъала ба қавли ӯ фаротар аз як рақами мошин аст ва ба шикоятҳои ӯ аз маҳалгароӣ ва мақоми вакилии вай робита дорад.

Мусоҳиби Радиои Озодиро, ки 7 сол афсари милиса будааст, ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, "соли 2014 барои амале, ки ба шаъну эътибори корманди мақомоти корҳои дохилӣ доғ меорад", аз кор рондаанд. Раҳбаронаш дар он замон гуфтаанд, ки ӯ гӯё аз касе ва барои чизе пул гирифтааст.

Муродхӯҷа Хушмуродов мегӯяд, ин иддао беасосанд ва сабаби аз кор ронданаш шикоятҳои пайвастаи ӯ аз "маҳалгароӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон будааст." Ба қавли Хушмуродов, ӯ ва гурӯҳе аз ҳамкоронаш аз рафтори сардори собиқи Шуъбаи корҳои дохилӣ, ки баръакси “ҳамшаҳриён”-и худ бо кормандони дигар беадолатӣ мекард, шикоят бурданд ва оқибаташ ин шуд, ки "аз дохили мошинаш пул ёфтанд ва аз кор озод карданд."

Як фарди огоҳ аз ин шикояти гурӯҳӣ аз рафтори сардори собиқи Шуъбаи корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар воқеъ ин сардор, ҳамеша бо кормандон аз дигар минтақаҳо, ё зодагони худи ноҳия рафтори бад дошт, талабҳои ноҷо мекард, беасос танбеҳ медод. Бо ҳамшариёни худаш, муносибати дигар дошт ва ба камбудиҳои онҳо эътибор намедод ва чизе намегуфт."

Баъди ин ҳама, Муродхӯҷа Хушмуродов соли 2017 дар номае ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз беадолатӣ ба худ шикоят карда, аз ҷумла навиштааст: "Сабаби ин масъаларо дар як чиз дидам ва ҳама низ мушоҳида карда метавонанд, ин ҳам бошад, маҳалгароӣ дар тамоми сохторҳои кишвар аст..."

Ӯ дар ин муроҷиатномааш навиштааст, ки "80 дар сади кормандони шӯъбаҳо ва дар ҳама сатҳҳои вазорати умури дохилӣ зодагони як минтақа ҳастанд." Нусхае аз нома ва посухи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст.

Дар посух ба муроҷиат, мақомоти дастгоҳ аз Вазорати умури дохилӣ хостаанд, номаро таҳқиқ карда, ба муаллиф посух бидиҳад. Муродхӯҷа Хушмуродовро ба Раёсати амнияти дохилии вазорат хостаанд ва гуфтаанд, ки "чунин чизе нест ва ин гапҳоро такрор накунад". Ба гуфтаи вакили маҷлиси маҳаллӣ воқеият ҳоло низ ҳамин аст: "Ман барои ҳамин ба инҳо маъқул нестам, намефорам. Барои ҳамин аз паси ман гаштаанд."

Ӯ афзуд, бар хилофи майли мақомоти расмӣ дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар моҳи март ширкат кард ва пирӯз шуд, ҳарчанд он замон аз ӯ хоста буданд, ки номзадиашро пас гирад. Вакили маҷлиси ноҳияи Шаҳринав мегӯяд: "Ман мехоҳам, як кам баробарӣ дар ҳукумат таъмин шавад. Барои онки агар яктоаш аз ин минтақа, як кас аз минтақаи дигар ва саввумӣ аз минтақаи дигар бошад, агар яке гӯш накард, дигариаш мефаҳмад."

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои ахир бисёр танқид мекунанд, ки раҳбарони идораву вазорат ва муассисаҳоро аксаран бо назардошти маҳалу садоқат ва на бо назардошти лаёқату шоистагӣ таъйин мекунад. Ва онҳое, ки ба мақом расиданд айни шеваро дар замони раҳбарии худ идома медиҳанд. Муродхӯҷа Хушмуродов бовар дорад, ки даъватҳо ба Шуъбаи умури дохилӣ дар замони интихобот ва ҳодисаҳои ахир маҳз барои он аст, ки дигар чунин “гапҳоро бас кунад”.

“Ман ба хотири он ки шикоят карда будам, аз хешутаборбозӣ ва аз ҳамин чизҳо дар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиканҷа шуда истодаам. Намехоҳанд, ки ман дар саҳнаи сиёсӣ бошам, дифоъ аз халқу дифоъ аз ҳуқуқи миллат кунам”, - афзуд ӯ. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари вазорат доир ба иддаои вакил, ки он чӣ бо ӯ мекунанд, ғаразолуда ва барои дидгоҳҳояш ҳаст, то замони таҳияи ин гузориш натиҷа надод.

Айни замон додситонии ноҳияи Шаҳринав низ баъд аз муроҷиати Муродхӯҷа Хушмуродов таҳқиқ дар ин заминаро идома медиҳад, ки то куҷо амалкардҳои кормандони милисаи ноҳия нисбат ба вакил, ки аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархудор аст, қонунӣ будаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG