Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши тиббӣ: полиси Атланта ду тирро ба пушти Райшард Брукс холӣ кардааст 


13 июн, шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷиа. Баъди куштори Брукс аз дасти полис мардум ба эътирозҳои нав баромаданд
13 июн, шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷиа. Баъди куштори Брукс аз дасти полис мардум ба эътирозҳои нав баромаданд

Гузориши тиббӣ дар бораи куштори як марди амрикоии африқоитабори дуюм дар ҳодисаи боздоште дар Атланта, ки билофосила мавриди эътирозҳои нави зидди нажодпарастиву бадрафтории полис дар ИМА шуд, машаххас кард, ки ӯ аз ду тири туфанг ба пушташ кушта шудааст. Дафтари санҷишҳои тиббӣ рӯзи 14 июн гуфт, ки Райшард Брукс рӯзи 12 июн аз хунравии зиёд ва осори ҷароҳате, ки узвҳои баданаш аз ин ду тир бардоштааст, даргузашт. Санҷиши тиббӣ гуфт, ки сабаби марг куштор будааст.
Марги Брукс ба оташи эътирозҳои чандин ҳафтаи ахир дар ИМА ва ҷаҳон алайҳи бадрафтории полис ва нобаробарии нажодӣ бо сабаби куштори Ҷорҷ Флойд равғани бештар рехт. Флойд се ҳафта пеш аз дасти афсари полиси Минниаполис кушта шуд ва ин ҳодиса мавриди эътирозҳои сартосарӣ дар ИМА гардид. Шаби 13 июн эътирозгарон шоҳроҳҳоро масдуд ва тарабхонаеро, ки дар он Брукс кушта шуд, оташ заданд. Полис барои пароканда кардани мардуми эътирозгар аз гази ашковар истифода кард. Департаменти полиси Атланта афсари сафедпӯстеро, ки ба сӯи Брукс оташ кушод, аз вазифа озод ва ба афсари дуюм, ки дар он лаҳза дар ҷои ҳодиса буд, муҷозоти маъмурӣ таъин кард. Раиси полис Эрика Шелдс аз вазифааш канор рафт. Рӯзҳои истироҳати гузашта эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар Аврупо ҳам идома дошт. Полис 113 эътирозгар, аз ҷумла фаъолони ростгароро, ки бо полис вориди задухӯрд шуданд, боздошт кард. Рӯзи 14 июн ҳазорҳо нафар дар Берлин дар раҳпаймоии ҳуқуқи башар иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG