Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия дарҳояшро боз мекунад


Харитаи иҷозаи сафари чехҳо ба кишварҳои аврупоӣ
Харитаи иҷозаи сафари чехҳо ба кишварҳои аврупоӣ

Ҷумҳурии Чехия, як кишвари аврупоӣ пас аз маҳдудияти беш аз се моҳа бинобар хуруҷи коронавирус дубора иҷозаи вуруди шаҳрвандони бархе кишварҳо ба хокашро медиҳад.

Дар ҷумҳурии Чехия аз моҳи март то 14-уми июн 9 ҳазору 960 нафар гирифторони коронавирусро сабт кардаанд. Аз ин ҳисоб 7 ҳазор 219 нафар шифо ёфта, 2 ҳазору 413 нафар табобат мешаванд. Теъдоди фавтидагон 328 нафар ҳисоб шудааст.

Ҳукумати Чехия марзҳои худро барои рафтуо бо кишварҳои ҳамсоя, мисли Словакия, Австрия ва Олмон боз кардааст.

Сар аз 15 июн ин кишвар дари худро барои 20 кишвари дигари аврупоӣ низ боз хоҳад кард. Шаҳрвандони кишварҳое, ки ҳанӯз хавфи сироятёбӣ вуҷуд дорад, ҳангоми вуруд ба Чехия бояд аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Дар ин кишвар, аз рӯзи 25-уми май гаштугузори бидуни ниқоб дар хиёбонҳо иҷозат дода шудааст, вале ҳанӯз ба мағозаву дигар биноҳо бо ниқоб бояд ворид шуд.

Қаблан, барои гаштугузори бидуни ниқоб дар хиёбонҳо ҷарима пешбинӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG