Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, аз усули нафасгир кардан набояд истифода шавад


Доналд Трамп гуфтааст, дар умум набояд усули нафасгир кардан истифода шавад.
Доналд Трамп гуфтааст, дар умум набояд усули нафасгир кардан истифода шавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, маъмурони пулис усули нафасгир карданро набояд истифода баранд, ба шарте, ки ҳолати истисноӣ набошад. Ӯ рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо телевизиони “Фокс Нюс” гуфт, дар умум бояд ба ин таҷриба “хотима дода шавад”. Вай афзуд: “Ман нафасгир карданро хуш надорам, вале агар шумо танҳо ҳастед ва бо касе меҷангед, мушкил аст.”

Айни замон ҳукумати Амрико дастуреро омода мекунад, ки ба идораҳои пулис тавсия додааст, мувофиқ ба “усулҳои касбии истифода аз нерӯ амал кунанд.” Тазоҳуроти густурда баъд аз марги як сиёҳпӯсти амрикоӣ зери зонуи маъмури сафедпӯсти пулис, ҳукуматро водор кард, ки чунин дастуреро таҳия намояд. Ҷорҷ Флойд, баъди он ҷон дод, ки пулис тақрибан 9 дақиқа гардани ӯро, ки нафасгир мешуд, сар надод.

Пештар аз ин дар рӯзи 11-уми июн Доналд Трамп гуфт, ки ҳукумати ӯ барои беҳтар кардани вазъи аққалиятҳо дар Амрико, дастрасии беҳтари онҳо ба мактабу хадамоти тиббӣ кӯшиши зиёде ба харҷ хоҳад дод. Вакилони Ҳизби Демократ дар Амрико ҳам санадҳои ислоҳоти фарогир дар идораҳои пулис ва аз ҷумла манъи усули нафасгир кардан ҳангоми боздошти муттаҳамон ба қонуншиканиро пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG