Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Албания Комрон Зуҳуровро ба Олмон истирдод мекунад


15-уми апрел, Олмон. Полис чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ ба иншооти низомии Амрико дар Олмон боздошт кард
15-уми апрел, Олмон. Полис чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ ба иншооти низомии Амрико дар Олмон боздошт кард

Додгоҳе дар Тирана, пойтахти Албания, қарор кардааст, ки шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро барои бозпурсӣ ба Олмон истирдод кунад. Вай ба тарҳрезии амали террористӣ аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ муттаҳам аст. Дар ин бора хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" рӯзи 12-уми июн иттилоъ дод.

Додгоҳи ноҳиявии Тирана гуфтааст, Зуҳуровро "бо сабаби эҳтимолан мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш" ба Русия ва Тоҷикистон намефиристад.

Комрон Зуҳуров моҳи майи имсол бо дархости Олмон дар Албания боздошт шуд. Ӯ ба узвият дар гурӯҳи вайронгар муттаҳам аст.

Қаблан бо айни чунин иттиҳом чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Олмон боздошт шуданд. Додситонии кулли Олмон гуфт, онҳо моҳи январи соли 2019 ба гурӯҳи тундрав шомил шуда, дастури ташкили ҳамлаҳои террористӣ ба иншооти низомии амрикоиро дар Олмон иҷро мекарданд.

Вакили дифои Зуҳуров – Аслан Додҷанӣ дар додгоҳ гуфтааст, нафари зери ҳимояти ӯ иттиҳоми тафтишоти Олмонро рад кардааст. Додҷанӣ гуфтааст, пеш аз ҳабсаш Зуҳуров давоми ду сол дар Олмон зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба Албания барои дидани холааш рафт.

Вакили дифои ҷавони тоҷик гуфт, ки ӯ худро ихтиёран ба полис таслим кард.

Мақомоти Олмон рӯзи 15-уми апрел эълон карданд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд. Яке аз ин гумонбарон як сол пеш боздошт шуда дар зиндон қарор дошт.

Додситонии ин кишвар аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурд.

XS
SM
MD
LG