Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дастури таҳрими кормандони Додгоҳи байналмилалиро дод. Додгоҳи Гаага маҳкум кард


Додгоҳи байналмилӣ дар Гаага.
Додгоҳи байналмилӣ дар Гаага.

Президенти Амрико фармонеро имзо кард, ки тибқи он ИМА метавонад алайҳи аъзои Додгоҳи байналмилалии Гаага, ки дар бораи нақши эҳтимолии сарбозони амрикоӣ дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон таҳқиқ мекунанд, таҳримҳое ҷорӣ кунад. Додгоҳи байналмилалии Гаага ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи бишар ин тасмими Доналд Трампро маҳкум кардаанд.

Бино ба эъломи Кохи Сафед, Доналд Трамп ин фармонро рӯзи панҷшанбеи 11-и июн имзо кард. Дар сафҳаи "Твиттер"-и Кохи Сафед зикр шудааст, ин иқдоми Додгоҳи байналмилалии Гаага "ба дастури Русия" сурат гирифтааст.

Пас аз имзои ин фармон, чаҳор тан аз аъзои баландмақоми кобинаи Доналд Трамп аз ин тасмим қадрдонӣ карданд. Вазирони умури хориҷӣ ва дифоъ, ҳамчунин додситони кулл ва мушовири амнияти миллиии раиси ҷумҳури Амрико дар ин нишасти хабарӣ ҳузур доштанд. Майк Помпео таъкид кардааст, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага наметавонад шаҳрвандони Амрикоро ҳадафи боздошт, муҳокима ва ҳабс қарор диҳад.

Вазири дифои Амрико низ гуфтааст, талоши Додгоҳи байналмилалии Гаага барои таҳқиқ ва муҳокимаи шаҳрвандони Амрико нақзи усули асосии байналмилалӣ ва додрасии байналмилалӣ аст "ва ҳамон тавр, ки дар фармони иҷроии президент Трамп омадааст, "ИМА ҷузъе аз тарафҳои Асосномаи Рум нест ва мо ҳеҷ вақт ҳукмҳои ин додгоҳро напазируфтаем".

Фармони Доналд Трамп ба вазоратҳои умури хориҷӣ ва молияи Амрико ихтиёр медиҳад, ки дороиҳои кормандони Додгоҳи байналмилалии Гаагаро, ки дар ин маврид таҳқиқ мекунанд, масдуд кунад. Дар айни ҳол ба Вазорати умури хориҷӣ ихтиёр дода мешавад, ки вуруди ин афродро ба Амрико манъ кунад.

Доналд Трамп борҳо ба Додгоҳи байналмилалии Гаага, ки рисолати он таҳқиқ дар мавриди ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият ва муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо аст, ҳамла кардааст. Ин додгоҳ фақат дар мавридҳое дахолат мекунад, ки кишвари узв натавонад ва ё нахоҳад ин ҷиноятҳоро баррасӣ ва муҷозот кунад.

Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳои узви ин додгоҳ аст, вале ҳукумати ин кишвар ҳамеша таъкид кардааст, ки ҳамаи мавридҳои ҷангӣ бояд дар Афғонистон пайгирӣ шавад. Ҳукумати Амрико ҳеҷ гоҳ узви ин додгоҳ, ки соли 2002 таъсис шуд, набудааст.

Ҳукумати Амрико соли гузашта низ алайҳи шуморе аз кормандони ин додгоҳ таҳрим ҷорӣ карда, онҳоро аз сафар ба Амрико манъ карда буд.

Пас аз таҳқиқоти аввалияи муфаттишони ин додгоҳ соли 2017 ба ин натиҷа расиданд, ки далелҳои кофӣ барои вуқуи ин ҷаримҳо дар Афғонистон вуҷуд дорад. Пас аз он Додгоҳи байналмилалии Гаага тасмим гирифт таҳқиқоти расмӣ дар ин заминаро оғоз кунад

Як мақоми амрико дар як нишаст хабарӣ дар шарҳи фармони президент Трамп гуфт, "тибқи ин фармон, давлат ихтиёр дорад ҳар як аз кормандони Додгоҳи байналмилалии Гаагаро, ки бидуни мувофиқати Амрико дар ин таҳқиқот нақши мустақиме ифо мекунанд, таҳрим кунад".

Ӯ афзудааст, "ин таҳқиқот истиқлоли Амрикоро нақз мекунад ва бо вуҷуди ин, ки Додгоҳи байналмилалӣ бо ҳадафи масъулиятпазирӣ ва посухгӯӣ таъсис шудааст, дар амал ин додгоҳ худ ғайрипосухгӯ ва нокоромад аст ва ба як додгоҳи байналмилалӣ мубаддал шудааст, ки афроди низомӣ ва амнияти Амрико ва муттаҳидони моро таҳдид мекунад".

Як муфаттиши Додгоҳи байнамилалии Гаага қасд дорад дар мавриди эҳтимоли иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар солҳои 2002 то 2014 дар Афғонистон, аз ҷумла иттиҳомот оид ба куштори дастҷамъии ғайринизомиён тавассути Толибон ва шиканҷаи асирон ва зиндониён тавассути Толибон ва низомиёну кормандони амниятии Амрико, таҳқиқ кунад.

"Мақомҳои амрикоӣ дар бахши дигаре аз нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе гуфт, "мо далелҳои қонеъкунандае дорем, ки нишон медиҳад дар сатҳи олии дафтари додситонии Додгоҳи байналмилалӣ фасод ва қонуншиканӣ вуҷуд дорад ва дар натиҷа, садоқати ин таҳқиқот дар мавриди шахсиятҳои амрикоиро зери суол мебарад. Дар айни ҳол ин эҳтимол вуҷуд аст, ки Русия бо ташвиқи ин таҳқиқот, Додгоҳи байналмилалиро ба ҳадафҳои худ истифода мебарад".

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи байналмилалии Гаага ба тасмими рӯзи панҷшанбеи Доналд Трамп вокуниш нишон додааст. Ин додгоҳ дар баёнияе гуфтааст, "ин ҳамлаҳо талоше ғайри қобили қабул барои мудохила дар ҳокимияти қонун аст".

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ҳам бо судури баёнияе аз амалкарди Амрико дар нисбати Додгоҳи байналмилалии Гаага интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG