Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни асосии ваҳдати миллӣ дар Мастчоҳ баргузор хоҳад шуд, ё не?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

То ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки қарор буд имсол 27-уми июн бо иштироки раисҷумҳур дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил шавад, беш аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Бисёриҳо мепурсанд, дар замони пандемияи коронавируси нав маъракаи асосӣ баргузор хоҳад шуд, ё на.

Қаблан мақомоти Тоҷикистонро барои ба эътибор нагирифтани тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва баргузории ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳазорҳо нафар дар шимоли кишвар танқид кардаанд.

Мақомот расман чизе намегӯянд, аммо манобеъ хабар доданд, ки "таҷлили ҷашни асосии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба таъхир афтодааст".

Баъзе аз манобеъ дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ 11-уми июн гуфтанд, сабаби чунин тасмим "пешгирӣ аз таҷаммӯи одамон ва густариши бемории ҳамагир" аст. Ҳамчунин, ба қавли онҳо, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн дар ҷашни ғалаба дар Маскав иштирок мекунад ва маълум нест барномаи сафараш аз чӣ иборат хоҳад буд.

"Ба ин хотир ҷашни асосӣ ба тирамоҳ гузошта шудааст. Ҳамчунин, сохтмони баъзе аз биноҳо ҳанӯз идома дорад", - афзуд як ҳамсуҳбати мо.

Ба қавли ӯ, "сохтмони қасри фарҳанг, майдони парчами давлатӣ ва қасри варзиши "Паҳлавонони Суғд" ба итмом нарасидааст. Ин биноҳои асосӣ ҳастанд, ки пеш аз рӯзи ҷашни ваҳдат бояд ба истифода дода шаванд."

Ба таври расмӣ мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора хабар намедиҳанд.

Аммо нигарониҳо дар Тоҷикистон аз он ҷо сарчашма мегирад, ки мақомот ҳар рӯз дар бораи холӣ шудани шифохонаҳо ва гузаштани авҷи беморӣ хабар медиҳанд ва зоҳиран ба таҷлили ҷашн омодагии ҷиддитар мебинанд. Бино ба хабари расонаҳои давлатии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 9-уми июн дар Мастчоҳ будаанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 ҳангоми суханронияш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ изҳор дошта буд, ки ҷашни имсола дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад.

Сокинони Тоҷикистон ҳар сол 27-уми июн ҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт.

XS
SM
MD
LG