Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Парвандаи нав дар доираи қазияи Михаил Ефремов

9 июн, Михаил Ефремов дар пушти панҷараи додгоҳ дар Маскав

Дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи садамаи автомобилӣ бо ширкати ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремов дар Русия парвандаи нави ҷиноятӣ дар бораи фурӯши маводи мухаддир ифтитоҳ шудааст. Владимир Васенин, сухангӯи раёсати умури дохилии Маскав гуфт, ки «дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки шахсони номаълум ба ронанда маводи нашъа фурӯхтаанд». Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати ҳунарпешаи маъруф ба сарраёсати ВКД Маскав супурда шудааст.
Тафтишот мегӯяд, ки рӯзи 8 июн Михаил Ефремов замоне, ки аз майдони Смоленская дар Маскав ҳаракат мекард, ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Ефремов савори “Град-Чероки” ба хати муқобили ҳаракат баромада ба мошини навъи “Лада” бархӯрд. Субҳи дигараш ронанда - марди 57-сола Сергей Захаров дар беморхона даргузашт. Ӯ ба ҳайси корманди фурӯшгоҳи интернетӣ бо интиқоли бор машғул буд. Додгоҳ рӯзи сешанбе Ефремовро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Ҳунарпеша гуноҳи худро эътироф намуд. Таҳқиқи тиббӣ нишон дод, ки дар ҳангоми садамаи автомобилӣ ӯ таҳти таъсири машруботи алкоҳолӣ буд. Рӯзи 10 июн санҷиш нишон дод, ки дар хуни ҳунарпеша маводи мухаддир ҳам будааст. Ба ин ҳунарпешаи маъруф то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Михаил Ефремов як ҳунарпешаи мунаққиди ҳукумат буда, солҳои охир бо намоишномаҳои “Гражданин поэт” маъруфияти зиёд касб кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Узбекистон мардеро бо айби фурӯши кӯмакҳои башардӯстона зиндонӣ карданд

Хонаҳои зиёде дар пайи рахна шудани обанбори Сарбода вайрон шуданд.

Марде дар Узбекистон бо айби фурӯши кӯмакҳои ғизоие, ки барои офатзадаҳои рахнаи обанбори Сарбода ҷудо шуда буд, 3,5 сол зиндонӣ гардид.

Ба иттилои расонаҳо, марди маҳкумшуда дар қатори эҳсонкорон ё волонтёрон шомил шуда, ба сокинони минтақаҳои зериобмондаи ноҳияи Сардоба кӯмак расонидааст.

Вай нахуст худро ноиби раиси бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дарноҳияи Сардоба муаррифӣ карда, дар ҳаҷми 14,6 ҳазор доллар кӯмакҳои башардӯстонаро гӯё барои тақсим аз маҷмуи кӯмакҳо гирифта, аммо ба фурӯш баровардааст.

Ин мард дертар аз сӯи мақомоти Узбекистон боздошт ва нисбаташ бо моддаҳои қаллобиву омодасозӣ, тақаллуби ҳуҷҷат, муҳр ва дигар санадҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Обанбори Сардобаи Узбекистон субҳи 1 май рахна шуд. Дар натиҷа бештар аз 60 ҳазор одам ба минтақаҳои амн кӯч дода шуданд.

"Авеста": Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14 % афзуд

Захираҳои хусусии гази моеъ. Покистон

Хабаргузории "Авеста" менависад, ки тӯли 10 рӯзи ахир дар Тоҷикистон нархи гази моеъ тақрибан 14 фоийз зиёд шуда, аз 4 сомонӣ ба чоруним сомонӣ барои ҳар як литри ин маводи сӯхт расидааст. Бо вуҷуди болоравии нарх, дар кишвар камбуди гази моеъ мушоҳида намешавад. Ҳудуди 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳамин маводи сӯхт истифода мебаранд.

Ҷаҳиши чашмраси нархи ин навъи сӯзишворӣ моҳи июли соли гузашта сабт шуда 65 дарсадро ташкил дод. Он замон арзиши гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 4 сомонӣ барои як литр боло рафта буд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта беш аз 420 ҳазор тонна гази моеъ ба кишвар ворид шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар будааст. Воридоти ин навъи сӯзишворӣ асосан аз Қазоқистон ва тавассути 15 ширкат сурат мегирад.

Олмон ҳузури нирӯҳояшро дар Афғонистон тамдид кард

Сарбозони олмонӣ дар як пойгоҳи низомии Афғонистон. Акс аз соли 2015

Ҳукумати Олмон лоиҳаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистонро то ибтидои соли оянда тамдид кард. Ҳамин тариқ нерӯҳои Олмон то 31-уми январи соли 2022 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. 1100 афсару сарбозони олмонии мустақар дар Афғонистон дар чорчӯби нерӯҳои паймони НАТО ифои вазифа намуда, дуввумин воҳиди бузурги хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Беш аз Олмон танҳо Амрико аст, ки 2 ҳазору 500 афсару сарбозашро дар Афғонистон мустақар намудааст.

Ваколати кунунии сарбозони Олмон дар Афғонситон то охири моҳи марти соли ҷорӣ ба поён мерасад. Лоиҳаеро, ки ҳукумат рӯзи чоршанбе тасдиқ кард, палатаи поёнии парлумони Олмон баррасӣ хоҳад кард. ИМА тибқи созиш бо Толибон, ки моҳи феврали соли гузашта дар Қатар ба имзо расида буд, мебоист то 1-уми майи соли равон тарки Афғонистон мекарданд. Вале маъмурияти президент Ҷо Байден тарҳи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Олмон беруншавии нерӯҳои байнлмилалӣ аз Афғонистон бояд ба пешрафт дар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва Толибон марбут бошад.

Байден барои номзадҳои Green Сard ҳам дарҳои ИМА-ро боз кард

Лотереяи Грин кард дар Тоҷикистон ҳам фавқулодда маъруф аст ва сокинони зиёд ҳар сол барои бурди он ариза медиҳанд.

Президенти Амрико Ҷо Байден манъи сафари номзадҳои гирифтани Green Сard ва ё ҳақи зисти доимӣ дар Амрикоро лағв кард. Ин фармонро соли гузашта президенти ИМА Доналд Трамп имзо карда гуфт, ки ин чораи муваққатӣ ба хотири ҳифзи бозори кори дохилӣ дар давраи пандемияи коронавирус татбиқ мешавад. Дар шакли ибтидоӣ фармони президенти собиқи Амрико мебоист то охири соли 2020 побарҷо мемонд. Вале дар ҳафтаи охири раёсатҷумҳурияш Трамп фармон дод, ки то охири моҳи марти соли 2021 вуруди номзадҳои гринкарт дароз карда шавад. Вакилон мегӯянд, тақдими визаҳои муҳоҷират бо ҳамин фармон боздошта шуд. Бар пояи қонунҳои амрикоӣ, муҳоҷир замоне аҳли оила ва фарзандони то 21-солаашро ба Амрико оварда метавонад, ки онҳо низ визаи муҳоҷират дошта бошанд. Бар пояи фармони Трамп, ҳазорҳо нафаре, ки дар натиҷаи қуръакашии лотерея ба гирифтани гринкорт сазовор шудаанд, то кунун натавонистаанд вориди Амрико шаванд. Рӯзи 24-уми феврал Байден бо лағви фармони Трамп гуфт, бастани роҳи муҳоҷирони қонунӣ ба манфиати ИМА нест.

Дар як сӯхтори Толятти тифли дусолаи тоҷик ҷон дод

Кӯчае дар шаҳри Толятти

Дар шаҳри Толяттии Русия ба ҳангоми сӯхтори анборе як кӯдаки 2-солаи хонаводаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти шӯъбаи назорати вилояти Самара волидайни ин писарбача низ дар сӯхтор осеб дидаву дар беморхона бистарӣ шудаанд. Додситонӣ мегӯяд, ки сӯхтор шаби 24-уми феврал ба амал омадааст. Тибқи фарзияи пешакӣ, ба ин фалокат риоя накардани қоидаи истифодаи дастгоҳи гармидиҳӣ сабаб шудааст. Дар ҳуҷраи оташгирифта як оилаи тоҷик бо се фарзандаш зиндагӣ мекардааст. Падари хонавода ду кӯдакашро аз оташ наҷот додааст, васе тифли дусола баъдан дар беморхона даргузашт. Тафтишот маълум кардааст, ки анбор барои тиҷорату савдо истифода мешудааст. Оилаи зарардида дар Русия бо патент кор мекард. Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Ёдгор Файзов барои мушкили бебарқии деҳоте дар ВМКБ аз мардум узр хост

Акси Ёдгор Файзов аз саҳифаи http://badakhshon.tj/
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқоташ бо рӯзноманигорон ҳафтаи ҷорӣ, аз сокинони ин вилоят барои маҳдудияти интиқоли барқ бахшиш пурсид. Навори узрхоҳии Ёдгор Файзов дар саҳифаи расмии маъмурияти вилоят дар шабакаи Фейсбук нашр шудааст. Ёдгор Файзов мегӯяд: “Ман аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои он ки натавонистам мардуми деҳотро дар зимистон бо барқ таъмин кунам, маъзарат мехоҳам. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки дар ин соҳа ҳанӯз мушкилот ва камбудиҳои зиёд дорем”. Раиси вилоят барои ҳалли масъала аз се нақшаи бузург ҳамчун роҳҳали вазъ сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2021 то 2023 дар вилоят бунёди 19 нерӯгоҳи офтобӣ ва пайваст кардани шабакаи “Помир энерҷӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ дар мадди назар аст. Ёдгор Файзов ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷро мисол овард, ки бинобар пайваст будан ба шабакаи энергетикии миллӣ ягон соат бе барқ намондаанд. Ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар нақша аст, ки ба гуфтаи ӯ имкон медиҳад, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд. Сардии ҳаво ва ях бастани дарёи Ғунду Панҷ дар зимистони имсол боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти таъмини барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Дар ҳоле ки ин вилоят танҳо минтақаи Тоҷикистон аст, ки барқкушӣ дар ин ҷо дар қиёс бо қаламравҳои дигари кишвар камтар рӯй медиҳад. Ҷорӣ кардани маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо барқ дар нуқоти дигари Тоҷикистон зимистони поёни соли 2020 ва оғози соли 2021 мавриди нороҳативу интиқоди зиёди сокинон буд, вале ин як ҳолати хеле камназир дар Тоҷикистон аст, ки як мақомдори ҳукуматӣ барои кӯтаҳӣ дар кору мудирият аз сокинони оддӣ узрхоҳӣ кунад.

Ваъдаи афзоиши стипендияҳо дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон имрӯз қарори афзоиши идрорпулӣ ё стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро имзо кард. Қарор мегӯяд, аз 1- уми сентябри соли ҷорӣ андозаи идрорпулии донишҷуён, магистру аспирант ва докторантҳо дар кишвар боло бурда мешавад. Ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки тамоми чораҳои лозима барои амалӣ шудани қарори мазкур андешида шавад. Феълан донишҷӯёни аълохони донишгоҳҳои Тоҷикистон моҳе 239 сомонӣ, муҳассилини пешқадам 173 сомонӣ ва онҳое, ки бо баҳои се таҳсил мекунанд, 64 сомони идрорпулӣ мегиранд. Идрорпулии афроде, ки дар аспирантура мехонанд, 564 сомонӣ буда, ҳаҷми идрорпулии президентӣ ба 942 сомонӣ баробар мебошад.

Охири моҳи январ президент амр дод, ки шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад.

Дастури боло бурдани стипендияву нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки тавварум ва инфлятсияи сомонӣ соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 дарсад расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.

Путин гуфт, ҳифзи мақоми забони русӣ дар Қирғизистон муҳим аст

Содир Ҷабборов ва Владимир Путин. Маскав, 24 феврал, 2021.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 24-уми феврал бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар шаҳри Москва дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои сайти раёсати ҷумҳури Русия, Путин Ҷабборовро ба муносибати корро ба ҳайси президенти Қирғизистон оғоз кардан табрик карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ӯ "метавонад вазъи сиёсии дохилии кишварашро ба эътидол орад".

Ҷабборов низ дар навбати худ бовар кунонидааст, ки Қирғизистон "барои ҳамкорӣ бо Русия ҳамеша омодааст" ва аз Путин даъват намудааст, ки сафари расмиеро ба Бишкек анҷом диҳад.

Путин дар вохӯрӣ масъалаи мақоми забони русӣ дар Қирғизистонро ҳам матраҳ кардааст. "Яке аз ҳолатҳое, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле муҳим мебошад, ин аст, ки шумо мақоми давлатии забони русиро ҳифз кардед. Ин ҳам барои мо ва ҳам барои шаҳрвандони Қирғизистон муҳим аст. Зеро он дар бозори кори Русия бартарии хосеро фароҳам мекунад. Мо низ аз ҷониби худ тамоми талошҳоро мекунем, то қирғизистониҳо тавонанд забони русиро дар ватанашон омӯзанд. Дар ин замина нақшаҳои мушаххас ҳастанд ва болои онҳо кор хоҳем кард", - изҳор дошт Путин.

Нашрияи ҳукуматии Қирғизистон "Сухани Қирғизистон" 19 феврал матлаби Ҷабборовро нашр кард. Дар ин матлаб омадааст, ки "Қирғизистон солҳои тӯлонӣ бо Русия "дасти ба даст" зиндагӣ ва рушд карда, забони русӣ на танҳо забони расмӣ, балки забони гуфтугӯ миёни миллатҳо дар он кишвар аст". Ҷабборов гуфтааст, мақоми забони русӣ дар қонунгузории Қирғизистон ба таври устувор дарҷ шуда, худи ӯ "зидди ҳама гуна талошҳо барои сиёсӣ гардонидани ин масъала дар кишвараш аст".

Президенти Қирғизистон дар доираи як сафари расмии дурӯза 24 феврал вориди шаҳри Москва шуд.

Кореяи Шимолӣ маҳбусони сиёсиро дар кони ангишт кор мефармояд

Яке аз конҳои ангишт дар Кореяи Шимолӣ.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ аз меҳнати маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла кӯдакон, дар истихроҷи ангишт истифода мекунад. Ангишти истихроҷшуда ба хориҷ меравад ва бо даромад аз ин ҳисоб Пхенян барномаи рушди мушакиашро густариш медиҳад. Дар ин бора Эътилофи шаҳрвандӣ барои ҳуқуқи инсон дар Кореяи Шимолӣ хабар медиҳад. Ин эътилоф дар Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ таҳти унвони "Содироти ангишти хунолуд аз Кореяи Шимолӣ: даромади аҳромӣ, ки ҳукуматро сари по нигаҳ медорад" гузорише таҳия кардаанд. Дар ин гузориш шакли истифодаи меҳнати зиндониёни сиёсӣ тасвир шудааст.

Айни ҳол СММ хариду фурӯши ангиштро аз Кореяи Шимолӣ манъ кардааст. Манъи хариду фурӯши ангишти Кореяи Шимолӣ аз сӯи СММ ба хотири пешгирӣ аз сохти силоҳи қатли ом унвон шудааст. Бино ба баҳогузории СММ, дар маҷмуъ то 200 ҳазор маҳбуси сиёсӣ дар урдугоҳҳои меҳнати иҷбории Кореяи Шимолӣ нигаҳ дошта мешаванд. Маҳбусон бо шиканҷа, таҷовуз, меҳнати иҷборӣ, гуруснагӣ ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, гуфта шуда буд дар гузориши СММ дар соли 2014.

Бино ба гузориши дигари СММ, ки соли 2018 нашр шуд, Кореяи Шимолӣ тавонистааст, ки эмбаргои байналхалқиро давр занад ва аз ҳисоби содироти чанд навъи маҳсулот ба хориҷ дар соли 2017 қариб 200 миллион доллар даромад кардааст. Бархе аз маҳбусони сиёсӣ, ки ба хориҷ аз Кореяи Шимолӣ фирор карданд, нақл карда буданд, ки Кореяи Шимолӣ аз ҳисоби истифодаи меҳнати маҳбусони сиёсӣ дар соли 2016 8 миллион тонна ангишт истихроҷ кардааст.

ИМА тасмим дорад, ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ баргардад

Энтони Блинкин, вазири умури хориҷии Амрико.

ИМА тасмим дорад, соли ҷорӣ дубора ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ баргардад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкин рӯзи 24-уми феврал хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Вашингтон барои узвият дар солҳои 2020 то 2024 дар Шӯро дархост ирсол кардааст. "Мо аз ҳамаи кишварҳои узви СММ хоҳиш мекунем, ки аз дархости мо ҳимоят кунанд",-гуфт Энтонӣ Блинкин.

ИМА аз Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар моҳи июни соли 2018 хориҷ шуд. Президенти вақти ИМА Доналд Трамп Шӯрои мазкурро барои муносибатҳояш бо Исроил ва ислоҳпазир набуданаш танқид карда буд. Ба гуфтаи Блинкин, ҳукумати нави ИМА интиқодҳои Трампро қисман қабул дорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Блинкин, ИМА мехоҳад мутмаин шавад, ки кишварҳои узви Шӯро дар бахши ҳуқуқи инсон "аз меъёрҳои баланд" кор мегиранд.

Кишварҳои узви Шӯрои мазкур барои се сол интихоб мешаванд. Интихоби навбатӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Айни замон Бритониё, Чин, Русия ва чанд кишвари дигар аъзои Шӯро ҳастанд.

Президенти Қирғизистон ба Узбекистон меравад

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар доираи як сафари расмӣ ба Узбекистон хоҳад рафт.

Муовинони аввали вазирони умури хориҷии Қирғизистону Узбекистон -- Нуран Ниёзалиев ва Фарҳод Арзиев 22-юми феврал дар як мулоқоти онлайнӣ омодагиҳо ва масоили марбут ба ин сафарро баррасӣ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки сафари Ҷабборов ба Узбекистон кай сурат мегирад. Ҷабборов корро ба ҳайси президенти Қирғизистон охирҳои моҳи январ оғоз карда, 24-уми феврал дар доираи нахустин сафари расмии худ озими шаҳри Москва шуд.

Дар нахустин сафари хориҷиаш Ҷабборов дар Маскав бо Путин гуфтугӯ мекунад

24 феврал, Кремл

Содир Ҷабборов дар нахустин сафари хориҷии худ дар мақоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Маскав сафар карда рӯзи 24 феврал бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷорату савдо, ҳамкориҳо дар доираи созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, таъсири падемия ба соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ мешавад. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сафари Ҷабборов ба Маскав то 25-уми феврал идома мекунад ва дар ин чаҳорчӯб қарор аст инчунин бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин, раҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ – Вячеслав Володин дидору гуфтугӯ кунад. Ду рӯз пеш аз парвоз Ҷабборов сафири Қирғизистон дар Маскавро нав кард ва ба ин вазифа Гулнора-Клара Саматро таъин намуд.

22-юми феврал Ҷабборов бо раҳбари Чин Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, Ҷинпин Ҷабборовро ба Пекин даъват кардааст.

Қирғизистон баъди интихоботи парлумонии моҳи октябри порсол дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Дар авҷи эътирозҳои баъдиинтихоботӣ Ҷабборов яке аз чанд сиёсатмадори шинохта буд, ки аз зиндон озод шуд. Ӯ барои ҳодисаи одамрабоӣ дар соли 2013 ба 10 соли ҳабс маҳкум шуда буд, вале худи ӯ ин иттиҳомро қабул надорад. Президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт ва дар Қирғизистон январи имсол интихоботи нави президентӣ барпо шуд, ки Ҷабборови 52-сола барандаи он гардид. Нозирони байналмилалӣ интихоботро дар маҷмӯъ мутобиқ ба меъёрҳои бунёдӣ номиданд, ҳарчанд, ба гуфтаашон, овоздиҳӣ начандон одилона гузашт.

"Матчество ба ҷои отчество". Як зани қирғиз ба ҷои номи падар ба фарзандон ному насаби худро дод

Олтин Капалова як нависанда кӯдакон ва фаъоли ҳуқуқи зан мебошад

Дар Қирғизистон як зан, ки нависандаи кӯдакон мебошад, номи падари фарзандонашро хат зада, номи худро ба онҳо додааст. Мақомоти хадамоти асноди шаҳрвандӣ аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят кард ва қарор аст мурофиа 25 феврал барпо шавад. Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ба додгоҳ муроҷиат карда гуфт, ки нависанда Олтин Қапалова ба се фарзандаш матчество ё матроним дод ва ин хилоф бо муқаррарот мебошад.

Қапалова дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Давлат бояд муқаррароти байналмилалӣ дар бораи баробарии ҷинсиятӣ ва мубориза бо табъиз нисбати занонро риоя кунад. Ба ҷои аз болои ман ба додгоҳ шикоят кардан, бояд дар қонунҳо иҷоза диҳанд, ки модарон ҳам мисли падарон ҳақи баробар доранд ва фарзандон метавонанд номҳои дугонаву сегодона дошта бошанд”. Қапалова гуфт, ки ӯ қонунро не, балки одатҳои ҷомеаи мардсолорро вайрон кард. Мақомоти ақди никоҳ гуфтанд, ки ин қазия ҳақиқат дорад ва Қапалова қонуни “Ҳолати шаҳрвандӣ”-ро нақз кардааст.

Олтин Қапалова 37 сол дорад ва модари се фарзанд аст. Ӯ як фаъоли ҳуқуқи зан аст ва 19 январ хабар дода буд, ки падарҳои биологии фарзандонашро аз ҳақи падарӣ маҳрум карда, ба кӯдакон насаби худро додааст.

Як раҳбари гурӯҳи ДОИШ дар Олмон ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд

Афсаре дар даромадгоҳи Додгоҳи минтақавии Селле. Акс аз августи соли 2015

Додгоҳе дар Олмон як рӯҳонии ироқиро барои раҳбарии амалӣ ба гурӯҳи ҷангии ДОИШ ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард. Аҳмад Абдулазиз Абдуллоҳ, ки инчунин бо лақаби Абу Вала маъруф будааст, барои раҳбарии гурӯҳи ҷиҳодие гунаҳгор шуд, ки ҷавонҳои аврупоиро ифротгаро ва барои сафари онҳо аз Ироқ то Сурия мусоидат мекард. Додгоҳе дар шаҳри шимолии Селлеи Олмон Абдуллоҳи 37-соларо узви як созмони террористӣ номид, ки ба маблағгузории терроризм машғул ва дар талоши анҷоми амалҳои хушунатзо буд. То замони баста шуданаш Абдуллоҳ имоми масҷиде дар шаҳри Ҳилдершейми Олмон буд ва дар ин мақом бо ҷалби афроди тарафдори ақидаҳои ифротӣ машғул буд. Се ҳамҷавобгари дигари ӯ дар додгоҳ ба мӯҳлати то 8 соли зиндон маҳкум шуданд.

Суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон: Иттиҳоми Эрон дар нақзи ҳуқуқи инсон

Қаноти ҳавопаймои суқуткарда украинӣ дар як майдони назди фурудгоҳи Теҳрон. Январи соли 2020

Гузоришгари вижаи СММ Эронро дар он муттаҳам кард, ки баъди суқут додани ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон январи соли 2020 як тафтишоти номуносиб роҳандозӣ карда, бо рад кардани масъулиятҳои худ дигаронро гумроҳ кард. Агнес Калламард, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳукмҳои ноодилона ва худсарона дар гузориши 45-саҳифаии худ дар поёни тафтишоти шашмоҳааш рӯзи 23 феврал гуфт, Эрон «бо суқут додани ҳавопаймои Ширкати байналмилалии ҳавоии Украина ва ҳамлаи маргбори баъди он дар чандин ҳолат ба нақзи ҳуқуқи инсон даст задааст».

Калламард дар матни гузорише, ки нусхаи аввалааш ду моҳ пеш ба мақомоти Эрон ҳам ирсол шудааст, навишт, «шарҳи номурааттаби расмӣ зоҳиран ба хотири эҷоди бебандубории зиёд ва ироаи машаххасоти хеле кам» анҷом шудааст. Ӯ гуфт, шарҳи мақомоти эронӣ тафтишотро гумроҳ кард.

Дар ҳодисаҳои соли гузашта баъди он ки ҳавопаймои мусофирбаи украинӣ дар берун аз фурудгоҳи Теҳрон афтоду ҳамаи 176 мусофирашро кушт, Эрон чандин рӯз нахост эътироф кунад, ки нирӯҳои ин кишвар гунаҳгори ин ҳодиса мебошанд. Дар он ҳодиса Эрон дар ҳолати таниш бо ИМА ду мушак партоб кард ва ин мушакҳо ба ҳавопаймо расид. Мақомоти авиатсияи Эрон “иштибоҳи инсон”-ро сабаби рух додани фоҷеа номида гуфтанд, радари иртиботӣ бо як воҳиди низомӣ мушкили тамос дошт. Аксар кушташудаҳо эрониҳо ва шаҳрвандони Канада буданд ва дар миёни қурбониҳо инчунин шаҳрвандони Афғонистон, Бритониё, Шведсия ва Украина ҳам қурбон шуданд.

Раҳбари собиқи Марий Эл ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

Леонид Маркелов 57 сол дорад

Додгоҳе дар Нижний Новгород раҳбари пешини ҷумҳурии Марий Эли Русия Леонид Маркеловро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро дар гирифтани ҳаҷми калони пора, сӯиистифода аз мақом ва ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ айбдор карданд. Дар ин бора "Интерфакс" хабар дод. Маркелов инчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 235 миллиону 280 ҳазор рубл муваззаф шуд. Додситонӣ талаб мекард, ки Маркеловро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кунанд, аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум ва дар се соли баъди зиндон аз ҳақи гирифтани мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Маркелов гуноҳро эътироф накард. Леонид Маркелов аз соли 2001 то 2017 раҳбари Ҷумҳурии Марий Эл буд. Ӯ моҳи апрели соли 2017 ихтиёран ба истеъфо рафт ва чанд рӯз баъдаш ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот мегӯяд, ки Маркелов барои кӯмак дар пардохти маблағҳои давлатӣ тавассути шахси боваринокаш 235 миллион рубл пора гирифтааст. Замоне, ки дар боздоштгоҳи "Лефортово"-и Маскав нигаҳдорӣ мешуд, Маркелов гуфт, шароити нигаҳдориаш як шиканҷа аст. Ӯ гуфт, ки бисёр вақт ба ӯ фишори равонӣ оварда, аз як утоқ ба утоқи дигари зиндон мегузарониданд, кофтукоб ташкил карда ёрии тиббӣ намерасониданд. Вакилаш гуфт, ки ин ҳама корҳо барои он буд, ки мақомдори собиқ зидди худ баёнот диҳад.

Ҳамла ба Конгресс "заъфҳои кори сохторҳои амниятӣ"-ро ба намоиш гузошт

Мақомоти масъули таъмини амният дар Конгресси ИМА гуфтанд, ҳамлаи хушунатбор ба бинои Капитол дар таърихи 6 январи имсол заъфи кори сохторҳои иттилоотиро ба намоиш гузошт. Яке аз заъфҳои бисёр ҷиддие, ки дар ҷаласаи Конгресс оид ба ҳамла ба Конгресс ба он таъкид шуд, ҳушдори Бюрои федеролии тафтишот пеш аз беназмиҳо буд, ки гуфт, гурӯҳҳои ифротӣ ба Вашингтон “ба ҷанг омода шуда” меоянд, вале ин санад то ба самъи раҳбарони полиси Капитол нарасид. Инчунин гуфта шуд, ки мақомоти низомӣ ҳатто вақте кор аз кор гузашт, барои сафарбар кардани нирӯҳои Горди миллӣ шитоб надоштанд. Ин арзёбиҳо 23 феврал дар ҷараёни ҷаласае бо иштироки ду кумитаи Сенат садо дод. Ҳамла ба Конгресс, ки онро як ҳамлаи бесобиқа ба демократияи ИМА номиданд, панҷ кушта бар ҷой гузошт. Ҳамла дар соатҳое рух дод, ки Конгресс пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи президентии 3-юми ноябри порсолро расман тасдиқ мекард. Мақомоти амниятӣ эътироф карданд, ки ин ҳодиса баёнгари кӯтаҳиҳо дар кори сохторҳои иттилоотӣ мебошад.

Додситонии Фаронса Жерар Депардйеро барои таҷовуз ба номус ба ҷавобгарӣ кашид

Жерар Депардйе баъди моҷарояш бо хадамоти андози Фаронса соли 2012 шаҳрвандии Русияро қабул кард

Додситонии Фаронса ҳунарпешаи маъруфи синамо Жерар Депардйеро бар асоси иттиҳоми таҷовуз ба номус ба ҷавобгарӣ кашид. Тафтишот гуфтааст, ки Депардйе соли 2018 дар ду ҳолат ҳунарпешаи 20-соларо, ки дар хонааш меҳмон шуда буд, таҷовуз кардааст. Худи ҳунарпеша ин иттиҳомро рад мекунад.

Дар бораи эълони айб ба ҳунарпешаи маъруф оҷонсии Франс Пресс ва телевизиони маҳаллии BFM TV бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд. Ин ҳодисаҳо дар хонаи ҳунарпеша дар Париж 7 ва 13 августи соли 2018 рух додааст. Ҷабрдидаи эҳтимолӣ духтари як дӯсти Депардйе будааст. Бо сабаби ин ки муайян кардани ҷузъиёти ин ҳодиса имкон надошт, соли 2019 полис парвандаро баст, вале баъди шикояти кассатсиониву бозпурсии гумонбар парванда аз нав боз шуд. Депардйе яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои фаронсавӣ дар ҷаҳон буда, дар 50 соли кораш дар беш аз 200 филм ва сериалҳо нақш бозидааст. Катрин Денёв, ҳунарпешаи бисёр маъруфи дигари фаронсавӣ дар як сӯҳбаташ ба Франс Пресс гуфтааст, ки “ӯ як инсони зиддунақиз аст, вале ҳунарпешаи бузург мебошад”.

Вакилони ҳунарпеша пойфишорӣ мекунанд, ки зерҳимояи онҳо гунаҳгор нест.

Путин ҷаримаҳои ҳангуфти қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ"-ро имзо кард

Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ”-ро муайян мекунад. Қонуне, ки матбуот ва фаълони ҳуқуқро ҳадаф қарор медиҳаду ба ин хотир бо интиқоду эътирозҳои ҷамъиятӣ рӯбарӯ шудааст, барои шахсони инфиродӣ ҷаримаро дар ҳаҷми 2500 рубл ($33.5) ва созмонҳо 500 ҳазор рубл ($6,720) муқаррар мекунад. Қонунҳои дигари рӯзи 24 феврал имзокардаи Путин марбут ба намоишҳои эътирозӣ аст. Қонуни нав барои маблағгузории ширкат дар эътирозҳо барои шахсони алоҳида ҷаримаро дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл ($200) ва барои мақомот ва ташкилот мутаносибан 30 ҳазор рубл ($400) ва 100 ҳазор рубл ($1,345) ҷарима пешбинӣ мекунад. Қонуни дигари имзокардаи Путин ҷаримаҳои ҳангуфтро барои итоат накардан ба полис ва нирӯҳои амниятӣ пешбинӣ мекунад.

Қонуни Русия дар бораи “агенти хориҷӣ” соли 2012 қабул ва чандин бор таҳрир шуд. Ин қонун аз созмонҳое, ки бо кӯмаки хориҷӣ фаъолият мекунанд, тақозо мекунад, ки худро ба унвони “агенти хориҷӣ” сабтином кунанд. Бар асоси таҳрирҳои нави ин қонун Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, шаш идораи дигари марбут ба РАО/РО, аз ҷумла, ТВ «Настоящее время” ҳам “агенти хориҷӣ” номида шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми ҷаримаи сохторҳои РАО/РО 1 миллион долларро ташкил хоҳад дод. РАО/РО ин ҷаримаҳоро “маъракаи аз ҷониби давлат сармоягузоришудаи маҷбуркунӣ ва тарс додан” номида, Департаменти давлатии ИМА “ғайри қобили таҳаммул” номидааст. Созмони Human Rights Watch қонуни “агенти хориҷӣ”-ро “маҳдудкунанда” номида гуфтааст, ки ҳадафаш “бадном кардани гурӯҳҳои мустақил” мебошад. Аз замони сари қудрат омаданаш президенти Русия Владимир Путин фишору маҳдудиятҳои матбуоти озодро бештар кард ва дар шохиси озодиҳои матбуоти созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад.

Қонунгузорони ИМА озодии раҳбари ҳизби мухолифони Гурҷистонро тақозо карданд

Ника Мелиа дар як рейди полис, ки бо хушунат анҷомид, боздошт гардид

Як гурӯҳи қонунгузорони Амрико гуфтанд, рейд дар қароргоҳи ҳизби умдаи мухолифони Гурҷистон ва ҳабси раҳбари ҳизб “мавриди нигаронии амиқ” буда, озод кардани ӯ ва дигар зиндониҳои сиёсиро тақозо карданд. Дар изҳороти ду сенатор ва ду узви Маҷлиси намояндагони ИМА, ки 23-юми феврал нашр шуд, аз ҳабси Ника Мелиа, раҳбари ҳизби оппозитсионии азиме дар Гурҷистон изҳори нигаронӣ шудааст.

Сухангӯи департаменти давлатӣ Нед Прайс ҳам, ки дар Вашингтон дар ин бора сӯҳбат мекард, гуфт, ИМА аз ҳабси раҳбари мухолифони Гурҷистон Ника Мелиа ва дигар аъзои оппозитсияи Гурҷистон нигарон мебошад. ӯ гуфт:

“Мо аз таҳаввулоти сиёсии Гурҷистон амиқан нигарон ҳастем. Мо бори дигар аз ҳама тарафҳо даъват мекунем, ки аз хештандорӣ кор гиранд ва аз ҳама гуна амал ва ҳарфе худдорӣ кунанд, ки боиси тавсеаи таниш ва натиҷааш хушунатҳо мешавад. Мо аз ҳукумати Гурҷистон тақозо мекунем, ки мутобиқ бо ормонҳои авроатлантикии худ амал карда, пойбанди худ ба принсипҳои демократия, озодиҳои инфиродӣ ва ҳуқумати қонунро аз роҳи таъмини кори озоду ғайрисиёсии низоми алияву додситониаш ба намоиш гузорад. ИМА Гурҷистони демократӣ, амн ва шукуфоро дастгирӣ мекунад. Ҳамкории мо бо Гурҷистон ба хотири ташвиқи ҳукумати қонун ва сохторҳои амалкунандаи бомасъулият идома меёбад”.

Мелиа ва тарафдоронаш рӯзи сешанбе дар як амалиёти полис ҳабс шуд. Зери муроҷиатнома ба номи ҳукумати Гурҷистон сенаторҳо Ҷим Риш (ҷумҳурихоҳ), Ҷин Шоҳин (демократ), вакилон Адам Кинзингер (ҷумҳурихоҳ) ва Ҷеррӣ Коннолӣ (демократ) имзо гузоштанд.

Толибон манъи ҷалби ҷангҷӯёни хориҷиро талаб карданд

Вилояти Бадахшони Афғонистон. Аъзои боздоштшудаи Толибон

Толибон ба аъзои худ гуфтанд, ки аз ҷалби ҷангҷӯёни хориҷӣ ваё паноҳ додан ба ҷангиёни беруна худдорӣ кунанд, то ки шубҳа ба Толибон дар заминаи иҷрои ӯҳдадориҳояш бар асоси созишномаи порсолаи сулҳ бо ИМА ва рабт додани онҳо ба созмонҳои мисли Ал-Қоида рафъ шавад. Дар изҳороти гурӯҳи шӯришӣ, ки 23-юми феврал нашр шуд, омадааст, “ба ҳамаи раҳбарон ва муҷоҳидон амр дода мешаванд, ки даст аз ҷалби хориҷиҳо ва ҳам фароҳам кардани сарпаноҳ барои онҳо бардоранд”. Ин гурӯҳ ҷангҷӯёнашро ҳушдор дод ва гуфт, ки агар ин қарорро нақз кунанд, “аз масъулият сабукдӯш шуда, гурӯҳаш пароканда хоҳад шуд” ва кораш “ба хотири таъини муҷозот ба баррасии комиссиюни умури низомӣ” дода мешавад.

Бар асоси созиши моҳи феврали соли 2020 миёни Толибон ва ИМА, ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ бояд то оғози моҳи маи соли 2021 Афғонистонро тарк кунанд ва бар иваз гурӯҳии ҷангӣ бояд замонатҳои амниятӣ диҳад, ки даст аз хушунат бармедорад ва ҳамаи робитаҳояшро бо гурӯҳи Ал-Қоида канда дигар ба террористони хориҷӣ сарпаноҳ фароҳам намекунад.

Вале ҷангҷӯён маҳз ба ҳамин хотир мавриди интиқоди мақомоти Афғонистон ва ИМА ҳастанд, ки иртиботи худ бо гурӯҳҳои террористиро қатъ накардаанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд. Эдмунд Фиттон-Браун, ҳамоҳангсози як тими назоратии СММ аз болои гурӯҳҳои ДОИШ, Ал-Қоида ва Толибон моҳи феврал гуфт, “ба бовари мо, раҳбарияти калони Ал-Қоида ҳанӯз ҳам таҳти ҳимояти Толибон қарор доранд”. Бар асоси гузориши тими назоратии СММ, дар 11 вилояти Афғонистон аз 200 то 500 ҷангии Ал-Қоида фаъол мебошанд.

Даъвати Толибон аз фармондеҳонаш дар ҳолест, ки баъди як моҳи таъхир дар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва Толибон рӯзи 22 феврал ин муколамаҳо дар Қатар аз сар гирифта шуданд.

Занозанӣ дар назди идораи президенти Украина. Пулис аз гази ашковар истифода кард

Дар назди идораи президенти Украина шоми дирӯз миёни эътирозгарон ва пулис занозанӣ рух дод. Ҳазорон ҷонибдори ҳизбҳо ва ҳаракатҳои миллӣ баъди боздошти Сергей Стеренко, яке аз роҳбарони "Правий сектор" гирди ҳам омаданд.

Ҷамъомадагон бо ҳаво додани сангу чӯб талош карданд, ки сафи пулисро шикананд. Пулис дар посух аз гази ашковар кор гирифт. Чанд нафар боздошт ва чанд каси дигар захм бардошт.

Чанде пеш додгоҳе дар шаҳри Одессаи Украина роҳбари бахши маҳаллии "Правий сектор" Сергей Стеренкоро бо айби одамрабоӣ ва шиканҷа 7 солу 3 моҳ зиндонӣ кард.

Бино ба ҳукми додгоҳ, Стеренко дар соли 2015 вакили маҳаллӣ Сергей Шербичро рабуда, дар ивази раҳоии вай бештар аз 10 ҳазор доллар талаб кардааст. Роҳбарони "Правий сектор" ин айбро рад ва ҷонибдоронашонро ба гирдиҳамоӣ дар назди идораи президент дар шаҳри Киев даъват карданд.

Қирғизистону Тоҷикистон табодули шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд.

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 22-юми феврал вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ, додситонӣ, пулис ва марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ҷонибҳо дар вохӯрӣ табодули шаҳрвандони боздоштшудаи ду кишварро баррасӣ карданд. Ба навиштаи бахши Қирғизии Радиои Озодӣ, феълан дар Қирғизистон 15 ва дар Тоҷикистон 9 шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт қарор доранд.

"Гуфтугӯҳо баргузор шуданд. Мо натиҷаҳоро мунтазир ҳастем. Ин масъалае нест, ки зуд ҳал шавад. Барои ҳалли баъзе аз масоил дар марз бояд аз дипломатҳо низ истифода шавад", - гуфт ӯ.

Вохӯрӣ бо дархости ҷониби Қирғизистон баргузор шудааст.

Дар назди бинои ҳукумати Бодканд 22-юми феврал як гуруҳи сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки дар раҳоии наздикони боздоштшудаашон дар Тоҷикистон мусоидат кунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввали соли равон марзбонони тоҷик беш аз 20 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 22-юми феврал иттилоъ дод, хабари гаравгонгирии як шаҳрванди он кишвар, гӯё аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, дурӯғ ё фейк аст.

Ба иттилои КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 16 феврал 5 шаҳрванди Қирғизистон барои вайрон кардани марзи давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шуданд. Ин шаҳрвандон ҳангоми интиқоли 900 кг металл, 2 сар гов ва 3 сар моли майда боздошт шуданд.

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Аврупо ҳизби Назарбоевро таҳрим кунад

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки бештар зидди "ҳалномаҳои ноодилонаи додгоҳӣ" эътироз мекунанд, 23 феврал гуфтанд, аз порлумони Аврупо эъломи таҳрим алайҳи бархе аз мансабдорон ва Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и ин кишварро дархост карданианд.

Яке аз ташаббускорони гуруҳ Санавар Зокирова, ки чанде пеш аз зиндон озод шудааст, гуфт, одамон аз минтақаҳои дигари Қазоқистон низ ба онҳо хоҳанд пайваст. "Дар давоми ду ҳафтаи оянда ҷамъ шуда, изҳороти муштаракеро нашр хоҳем кард", - изҳор дошт ӯ.

"Мо, шаҳрвандони Қазоқистон мехоҳем, аз вакилони порлумони Аврупо даъват кунем, ки зидди хидматчиёни давлатӣ ва Ҳизби "Нур Отан" таҳрим эълом шавад. Онҳо ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии моро беасос ва ошкоро нақз кардаанд", - омадааст дар изҳороте, ки дар поёни вохӯрии гуруҳ дар шаҳри Нурсултон 23 феврал нашр шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи байналмилалӣ борҳо Қазоқистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кардаанд. Порлумони Аврупо 11 феврал бо аксари оро қатъномаеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон қабул кард. Ин панҷумин қатъномае аст, ки аз соли 2009 ба Қазоқистон бахшида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва вазири Эрон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ кардаанд

Президенти Тоҷикистон бо вазири умури дохилаи Эрон ҳамкории амниятии ду кишварро баррасӣ карданд. Вебсайти президенти Тоҷикистон бо пахши ин хабар рӯзи 23-уми феврал гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши амниятро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор зарурати татбиқи санади амниятӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидааст аз ҷониби президенти кишвар таъкид шудааст. То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад аз ҷумла дар бахши амният ба имзо расидааст.

Вазири умури дохилии Эрон, рӯзи душанбеи 22- юми феврал бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон омад. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯзаи ҷаноби Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Эрон ва Тоҷикистон то кунун 13 нишасти Комиссияи муштараки байни ду кишварро баргузор кардаанд. Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон бинобар кудетои нофармҷоми генерал Абдуҳалим Назарзода сард шуд.

Душанбеи расмӣ ғайримустақим ишора кард, ки мақомоти Эрон дар ташкили ин шӯриш кумак кардаанд. Пас аз ин робитаҳои ду кишвар хеле тира шуд, аммо тайи се соли ахир равуои мақомоти расмӣ дубора шурӯъ шуда, аз нармиш дар равобити ду кишвар аломат медиҳад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG