Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон тасдиқ кард, ки  ИМА дар фикри коҳиши нирӯҳояш аст


4 март соли 2020, шаҳри Графенвёри Олмон. Низомиёни амрикоӣ ҳангоми назорати вазъ
4 март соли 2020, шаҳри Графенвёри Олмон. Низомиёни амрикоӣ ҳангоми назорати вазъ

Ҳукумати Олмон гуфт, ки огаҳии расмии эҳтимоли қисман берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Олмонро дарёфт кард, тасмиме, ки ба андешаи таҳлилгарон, ба Русия паёмҳои иштибоҳӣ фиристода амнияти НАТО-ро ба ҳам мезанад. Хабар рӯзи 10 июн дар матбуот баъди он нашр шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп амр дод, ки аз 34,500 низомии амрикоии мустақар дар Олмон 15 ҳазор нафарашон берун бурда шаванд. Кохи Сафед аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард. Улрике Деммер, сухангӯи садри аъзами Олмон ба хабарнигорон дар Берлин гуфт, ки ҳукумати Олмон огоҳонида шуд, ки “тасмиме дар маъмурияти ИМА барои коҳиши ҳузури нирӯҳои мусаллаҳ дар Олмон вуҷуд дорад” ва инчунин дарк мекунад, ки “ин ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест”. Бархе қонунгузорони амрикоӣ ҳушдор доданд, ки агар ин тасмим иҷро шавад, он ба амнияти ИМА осеб расонида мавқеи Русияро дар Аврупо тақвият медиҳад.

XS
SM
MD
LG