Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

632 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қазоқистон


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар як рӯзи охир дар ин кишвар 632 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируст сабт шудааст.

Хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, шоми 10 июн шаш тан аз гирифторони коронавируст дар он кишвар фавтидааст.

Дар маҷмуъ шумори умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон, ҳам касоне, ки нишонаҳои ошкор ва ҳам касоне, ки нишонаҳои пӯшида доранд, ба наздики 16 ҳазор расидааст. Шумори умумии фавтидагон аз ин вирус дар Қазоқистон ба 67 расидааст, иттилоъ медиҳад вазорати тандурустии он кишвар.

XS
SM
MD
LG