Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи мурофиаи 16 афсари низомиву мақомоти вазорати дифоъ дар Қазоқистон


Додгоҳи низомии Шимкент, 11 июн
Додгоҳи низомии Шимкент, 11 июн

Дар додгоҳи низомии шаҳри ҷанубии Шимкенти Қазоқистон рӯзи 11 июн мурофиаи додгоҳии 16 афсари низомиву мақомоти вазорати дифоъ шурӯъ шуд. Ин афрод дар робита бо силсилатаркишҳо дар анбори силоҳе дар моҳи июни соли 2019, ки боиси ҳалокати чор нафар шуд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ҳодисаҳои як сол пеш дар анбори силоҳи воқеъ дар шаҳри Арис, 67-километрии Шимкент, давоми чаҳор рӯз таркишҳои пайдарҳам рух дод ва ба иловаи чаҳор кушта даҳҳо сокини маҳаллӣ маҷрӯҳ шуданд. Қурбонии чоруми ин ҳодисаҳо як писарбачаи ҳаштсола чанд ҳафта баъд дар беморхона ҷон дод.

Дар миёни айбдоршавандаҳо афсарони низомӣ аз Арис ва чанд мақомдори вазорати дифоъ мебошанд. Шаш айбдоршавандаи дигар дар мурофиа тавассути тамоси видеоии интернетӣ аз шаҳри Нурсултон иштирок мекунанд.

Дар миёни иттҳомоти ин афрод хунукназарӣ ва поймолшавии қоидаҳои бехатарӣ ба ҳангоми нигаҳдории аслиҳаву муҳимот ҳам ёд мешавад.

Дар паи таркишҳо аввал дар анбор тахминан 35 ҳазор сокини маҳаллӣ хонаҳои худро тарк карда ба шаҳри Шимкент ва дигар шаҳракҳои атроф паноҳ бурданд ва танҳо баъди чанд рӯз бекор шудани ҳолати фавқулодда ба хонаҳояшон баргаштанд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар шаҳр он замон 85 дарсади сохтмону биноҳо, асосан хонаҳои шахсии мардум дар паи дуди ғализу осори таркишҳо осеб дид. Ҳукумат ваъда дод, ки хонаҳоро аз нав барқарор мекунад, вале бисёр сокинон, ки рӯзи 11 июн барои ширкат дар додгоҳ омада буданд, шикоят карданд, ки кор ба сахтӣ пеш меравад. Ҳодисаҳои Арис боиси эътирозҳои мардум шуд. Қосимжомарт Тоқаев, ки чанд ҳафта пеш аз таркишҳо дар шароити баҳсбарангез президент шуд, ваъда дод, ки гунаҳгорон ҷазо мебинанд.

XS
SM
MD
LG