Олмон расман огоҳӣ пайдо кард, ки эҳтимол дорад, қисме аз сарбозони амрикоӣ хоки ин кишварро тарк кунанд.
Изҳороти расмии рӯзи 10 июн дар ҳолест, ки расонаҳо пештар аз ин навиштанд, Доналд Трамп, президенти ИМА дастури аз Олмон хориҷ кардани то 15 ҳазор сарбозро содир кардааст. Дар Олмон айни ҳол 34,5 ҳазор сарбози амрикоӣ қарор дорад. Кохи Сафед ва НАТО аз шарҳи ин хабар худдорӣ варзиданд.
Дар Берлин хабар доданд, ки дар воқеъ чунин огоҳие дарёфт шудааст. "Аммо то он ҷо ки мо огоҳӣ дорем, тасмими ниҳоӣ ҳанӯз қабул нашудааст", - гуфтанд дар маркази матбуотии садри аъзами Олмон.
Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, Трамп тасмим дорад, наздики 15 ҳазор сарбози амрикоиро аз Олмон берун барад. Аннегрет Крамп-Карренбауэр, вазири мудофиаи Олмон гуфт, дар сурати амалӣ шудани ин тасмим таъсири манфии он пеш аз ҳама ба НАТО, ки ИМА ҳам шомили созмони мазкур аст, хоҳад расид.
Дар Олмон, нисбат ба кишварҳои дигари Аврупо, шумори камтари сарбозони ИМА қарор доранд. Доналд Трамп аз замони сари қудрат омадан борҳо Олмон ва дигар кишварҳои аврупоиро барои харҷҳои нокофӣ дар бахши мудофиа танқид кардааст.