Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Эрон ҳукми қатли Маҳмуд Мусавӣ Маҷдро бетағйир гузошт


Маҳмуд Мусавӣ Маҷд
Маҳмуд Мусавӣ Маҷд

Эрон шахсеро, ки барои пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаракати генерали кушташуда Қосим Сулаймонӣ муттаҳам мешавад, ба эъдом ё қатл маҳкум кард.

Дар оғози имсол Қосим Сулаймонӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, тавассути ҳавопаймои бесарнишин дар наздикиҳои фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Қатли ӯ боис ба ташаннуҷ миёни Вашингтону Теҳрон гардид.

Сухангӯи Додгоҳи Эрон Ғуломҳусайн Исмоилӣ рӯзи 9-уми июн гуфт, Додгоҳи олии Эрон ҳукми эъдоми Маҳмуд Мусавӣ Маҷдро бетағйир гузошт.

Ба гуфти ҳамин манбаъ, "маҳкумшуда аз номи идораҳои марказии кашфи Амрико ва Исроил пули зиёде ба даст овард ва маълумоте, ки ӯ дар муқобили пул фурӯхт, барои куштори генерал Сулаймонӣ истифода шуд."

Баъди куштори Сулаймонӣ, Эрон як пойгоҳи амрикоии Ироқро мушакборон намуда, ба даҳҳо низомии амрикоӣ осеб расонд.

XS
SM
MD
LG