Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ашт бо хабарнигор созиш кард ва ба дархосташ "ҳа" гуфт


Ҳаётҷони Одил
Ҳаётҷони Одил

Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд баъд аз як рӯзи баррасии даъвои хабарнигори нашрияи "Шӯҳрати Ашт" ва радиои "Диёр" дар додгоҳ бо ӯ созиш карданд.

Ҳаётҷони Одил шикоят дошт, ки раиси ноҳия панҷ моҳ инҷониб ба дархости ӯ барои гирифтани як порча замин на ризоят медиҳад ва на ҷавоби рад. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, дар ин муддат ба номаҳои ҳамсони дигарон расидагӣ шудааст.

Хабарнигор рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Даъвои маро пурра қонеъ карданд ва ба созиш расидем. Ҳамин бегоҳӣ ҳукумати ноҳия дар бораи додани порчаи замин барои сохтани дӯкони хурд қарор қабул кард."

Азбаски натиҷаи созиш дар анҷоми рӯзи корӣ ҳосил шудааст, маълум кардан нашуд, ки чӣ ангезае мақомоти ноҳияи Аштро барои созиш бо рӯзноманигор водор намудааст.

Ҳаётҷони Одил тақрибан ним сол талош дошт, барои сохтани дӯкони бозичаҳо дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт порчае замин бигирад. Вай гумон дошт, ки фаъолияти хабарнигорӣ ва навиштаҳои танқидияш дар бораи ноҳия ба ин вазъ сабаб шудааст.

Ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Ашт Муҳиддин Шодиев рӯзи 9-уми июн ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нашри матолиби интиқодии Ҳаётҷони Одил рабт доштани қазияро комилан бепоя донист.

"Баъд аз ин муносибати мақомот бо ман чӣ хел мешавад, фарқ надорад. Муҳим буд, ки ҳуқуқи поймолшудаамро барқарор кунам. Ба кори рӯзноманигорӣ идома медиҳам. Агар асосе корашонро гиранд, бо расонаҳои дигар ҳамкорӣ хоҳам кард", - гуфт Ҳаётҷони Одил.

Ӯ мегӯяд, бо моҳонаи рӯзноманигорӣ таъмин кардани оилаи иборат аз 5 нафар душвор аст, барои ҳамин мехоҳад дӯкони хурди бозича кушояд ва даромаде ба даст орад.

Тафсилоти қазияро дар инҷо хонед

XS
SM
MD
LG