Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси як порча замин. Хабарнигор ҳукумати Аштро ба додгоҳ кашид


Ҳаётҷони Одил ҳангоми суолдиҳӣ дар яке аз нишастҳои мақомоти ноҳияи Ашт
Ҳаётҷони Одил ҳангоми суолдиҳӣ дар яке аз нишастҳои мақомоти ноҳияи Ашт

Як хабарнигори тоҷик мақомоти ноҳияи Ашти вилояти Суғдро ба додгоҳ кашидааст. Ҳаётҷони Одил даъво дорад, ки дархости ӯро барои гирифтани порчаи замин панҷ моҳ боз бепосух гузоштаанд, дар ҳоле ки ба номаҳои дигарон барвақт расидагӣ сурат мегирад. Хабарнигор бовар дорад, қазия ба кори ӯ ва танқидҳояш аз вуҷуди баъзе камбудҳо дар ноҳия рабт дорад. Намояндаи мақомот гуфт, талаби рӯзноманигор дар бораи гирифтани замин нодуруст аст. Додгоҳ рӯзи 9-уми июн ба муҳокима оғоз мекунад.

Ҳаётҷони Одил, рӯзноманигори маҳаллӣ, мегӯяд, ба гирифтани порае замин дар деҳааш барои сохтани дӯкон аз охири соли гузашта инҷониб талош дорад. "Ҳамаи санадҳоро барои гирифтани сеяк сотих замин омода кардам, хулосаи идораҳои дахлдорро низ гирифтам. Раиси ноҳия бе ягон сабаб имзо намегузорад. Рад ҳам накардаанд. Ҳол он ки дархости афроди дигарро зуд иҷро мекарданд", - афзуд ӯ.

Ҳаётҷони Одил хабарнигори нашрияи расмии "Шӯҳрати Ашт" ва радиои хусусии "Диёр" аст.

Вай сабаби пазируфта нашудани дархосташро ба кори хабарнигорияш рабт дод: "Муддате бо нашрияи "Азия-Плюс" ҳамкорӣ доштам. Ба ҷуз ин, дар Фейсбук дар бораи мушкилоти ноҳия, масалан, вайронии роҳҳо менависам. Ин чиз ба мақомот писанд наомад. Чанд бор муовинҳои раиси ноҳия ба ҳуҷраи кориашон даъват карда, фишор оварданд, ки дигар дар бораи мушкилот нанависам."

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи Ҳаётҷони Одилро ба дӯш гирифтааст. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси созмон, дар додгоҳ аз ӯ ҳимоят мекунад.

Ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Ашт Муҳиддин Шодиев ҳимояти мақомоти ин ноҳияро дар додгоҳ ба дӯш дорад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми июн гуфт, "мо чанд дафъа шифоҳӣ ва хаттӣ фаҳмондем, ки дархосташ бо кадом моддаҳо мухолиф аст. Аз ин норозӣ шуда, ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Чӣ қароре, ки додгоҳ содир мекунад, бар асоси он масъаларо дида мебароем."

Вале ҳуқуқшиноси ноҳияи Ашт ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нашри матолиби интиқодии Ҳаётҷони Одил рабт доштани қазияро комилан бепоя донист. Вай гуфт, "ягон зарра ба кори ӯ дахл надорад. Монанди ӯ 17 нафари дигар бар хилофи моддаи 77-и Кодекси замини Тоҷикистон қитъаи замин талаб карда буданд ва аризаашон рад шуд. Агар онҳо ҳам дар ҳамин соҳа (рӯзноманигорӣ) кор мекарданд, гуфтан мумкин буд, ки ба фаъолияташон дахл дорад. Чунин нест."

Вале намояндаи мақомоти ноҳияи Ашт нагуфт, ки чаро мақомот ба дархости рӯзноманигор панҷ моҳ инҷониб расман ҷавоб надодаанд.

Додгоҳи ноҳияи Ашт охири моҳи май ҷонибҳоро бо парванда шинос кардааст.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Ҳаётҷони Одил, мегӯяд, мақомоти ҳукуматҳо тибқи қонун ба аризаву дархостҳои сокинони одӣ бояд дар муддати як моҳ ва дар сурати ба миён омадани баҳс - дар ду моҳ посухи расмӣ бидиҳанд. Вале дар мавриди аризаи нафари таҳти ҳимояти ӯ "ин талаботи қонун рияо нашудааст".

"Агар як шаҳрванди одӣ мебуд, шояд ришва мегирифтанд ва масъаларо ҳал мекарданд. Ӯ, ки журналист аст ва матлабҳои танқидӣ ҳам менавишт, натавонистанд чунин талаб кунанд. Хоҳишашро ҳам иҷро накарданд", - афзуд вакили мудофеъ.

Ӯ мегӯяд, дар сурате ки додгоҳ ҳаққи рӯзноманигорро барои гирифтани қитъаи замин дурусту қонунӣ шуморад, аз мақомот хоҳанд хост, масъаларо ба нафъаш ӯ ҳал кунанд. Вагарна, "ба воситаи додгоҳ даъво мекунем, оё 8 мақоме, ки зери аризаи рӯзноманигор имзо гузоштаанд, ҳақ ҳастанд ё танҳо раиси ноҳия, ки намехоҳад имзо гузорад."

Дар Тоҷикистон ба зидди мақомоти як ноҳия садо баланд кардани рӯзноманигори нашрияи ҳукумати маҳаллӣ ҳодисаи камсобиқа аст. Расонаҳои ҳукуматӣ сад дар сад зери назорати мақомот кор мекунанд ва ба як минбари идеологии мадҳу ситоиши корномаҳои мақомоти давлатӣ табдил ёфтаанд. Сардабири нашрияро раиси ноҳия таъин мекунад ва кормандони дигар низ бо ризояти мақомот ба кор гирифта мешаванд.

Мақомот нашри матолиби танқидӣ дар бораи камбудҳои ҷиддии ҷомеа, махсусан - қонуншинканӣ, мавридҳои фасоду ришвахории мансабдоронро иҷоза намедиҳанд.

Соли 2011 Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигоре аз ноҳияи Аштро мақомот барои нашри мақолаҳои интиқодӣ бо парвандаи "туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ" боздошт ва 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла ба озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод гашт. Вале соли 2013 Исмоиловро, замоне ки ҳамкори ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" буд, мақомот ба қаллобӣ гунаҳкор карданд. Додгоҳ ӯро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли 2019 як солу чаҳор моҳ аз ҳукми ӯ кам карданд. Ҳоло ин рӯзноманигор муҳлати ҷазои худро дар зиндоне дар шаҳри Хуҷанд сипарӣ мекунад.

Созмонҳои журналистӣ ҳукми ӯро ноодилона хонда, борҳо озодияшро талаб кардаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот аз журналисте, ки ҳамвора камбудҳои ноҳияи Ашти вилояти Суғдро ба саҳифаҳои матбуот мекашид, халос шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG