Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ба гузашти низомӣ ба Русия меравад


Ҳавопаймоҳои Миг ҳангоми тамрини гашти низомӣ дар Маскав дар рӯзи 10-уми июн
Ҳавопаймоҳои Миг ҳангоми тамрини гашти низомӣ дар Маскав дар рӯзи 10-уми июн

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “РИА Новости”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар гузашти низомии бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Маскав ширкат мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 10-уми июн ба хабарнигорон гуфтааст, барои тамошои раҳпаймоӣ раҳбарони Қазоқистону Молдавия, Туркманистону Узбекистон ва Сербистону Хорватия ҳам меоянд.

Гузашти низомӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 24-уми июн сурат мегирад, чун онро ба далели густариши коронавируси нав аз рӯзи 9-уми май ба таъхир андохтанд.

Масъалаи ҳузури раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ дар гузашти низомӣ дар Маскав баъд аз он ҷиддӣ шуд, ки суолҳо доир ба ҳузури Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар гузашти низомӣ дар Маскав зиёд гашт.

XS
SM
MD
LG