Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби модарони серфарзанд аз мақомоти шаҳри Алмато


Таҷаммуи занони серфарзанд дар назди идораи шаҳрдории Алмато. 9 июн, 2020
Таҷаммуи занони серфарзанд дар назди идораи шаҳрдории Алмато. 9 июн, 2020

Чандин тан аз модарони серфарзанди шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 9 июн назди ҳукумати ин шаҳр ҷамъ шуда, талаби ҳалли мушкили манзил, боғчаҳо ва ҷойи корро карданд. Занҳо талош доштанд, ки бо роҳбарияти шаҳр мулоқот кунанд, аммо онҳоро ба дохили бино роҳ надоданд.

Гулмира Алиҷонова, ки худро модари 10 фарзанд меномад, талаб дошт, навбат барои манзилҳои иҷтимоӣ зудтар бирасад, кӯдакон аз хонаводаҳои серфарзандро дар боғчаҳо бидуни навбат қабул кунанд ва ба модарони серфарзанд барои таъсиси корхонаву тиҷорат кумак расонида шавад.

Занҳо асосан аз барномаи манзилҳои иҷтимоии Қазоқистон шикоят доштанд. Онҳо рӯзи 8 июн назди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъ шуда, шабро назди бинои ҳукумат рӯз карданд.

Моҳи марти соли гузашта дар саросари Қазоқистон эътирозҳои занҳои серфарзанд баргузор шуд. Оташсӯзие дар як манзили нимавайрона дар пойтахти Қазоқистон, ки боиси марги панҷ фарзанди як хонавода шуд, эътирози занҳои серфарзандро барангехт. Занҳо дар эътирозҳои худ бештар шудани ҳаҷми кумакпулиҳо, ҳалли масъалаи манзил, пешниҳоди имтиёзҳоро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG