Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи мубталоён ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 4690 тан расид


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 81 ҳолати гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт шудааст. Ин вазорат шумораи фавтидаҳо аз замони эълони сирояти ин беморӣ дар рӯзи 30-юми апрел то 9-уми июнро 48 нафар гуфтааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз замони эълони сирояти беморӣ, 2815 нафар ё 60 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Мақомот шумораи умумии гирифторон ба ин бемориро 4690 нафар мегӯянд.

Дар баёнияи Вазорати тандурустӣ омадааст, ки дар ҳоли ҳозир 1124 нафар мубалоён ба КОВИД-19 зери муоинаи табибон қарор доранд ва дар 24 соати гузашта 52 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Дар саросари ҷаҳон теъдоди беморони COVID-19 аз 7 миллион нафар бештар шудааст ва шумораи фавтидагон аз 402 ҳазор нафар гузашт. Омори мазкур дар бораи бемориро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико ҷамъ меорад.

XS
SM
MD
LG