Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот дар байни кормандони тиб дар Хатлонро ҳисоб кардаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба санади расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, аз моҳи апрел то 22-юми майи имсол дар ҳудуди вилояти Хатлон 10 корманди соҳаи тиб ҷони худро аз даст додаанд. Мақомоти раёсати тандурустии Хатлон рӯзи нӯҳуми июн мавҷудияти феҳрастро тасдиқ карданд, вале дар бораи сабабҳои марги пизишкон тафсилот надоданд. Танҳо ишора карданд, ки аксари онҳо бемори илтиҳоби шуш буданд.

Бархе аз пайвандони пизишкони фавтида мегӯянд, онҳоро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карда, наздиконро зери карантин гирифтанд. Қоидае, ки ҳангоми фавти беморон ё гумонбарон ба коронавируси нав риоя мешавад. ​

Рӯйхати расмии табибони фавтида дар Хатлон чунин аст:

  • Оиша Алимова, 1962, ҳамшира, бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, шаҳри Бохтар;
  • Шарифбек Тешаев, 1954, мудири Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим;
  • Абдухолиқ Пириев, 1957, духтури бемористони рақами 2-и ноҳияи Кӯшониён;
  • Исмоил Остонақулов, 1952, сарпарастор, беморхонаи марказии ноҳияи Фархор;
  • Абдуразоқ Раҳимов, 1953, духтур, шаҳри Леваканд;
  • Раҷабалӣ Холмуъминов, 1967, сартабиб, бемористони ноҳияи Кӯшониён;
  • Нуралӣ Холмуродов, 1954, ФТЭК-и шаҳри Бохтар;
  • Муродалӣ Раҷабов, 1950, духтур, ноҳияи Данғара;
  • Шерхон Туфалангов, 1964, табиби кӯдакон, беморхонаи клиникии вилоятӣ;
  • Ҳабибулло Раҷабов, 1964, духтури бемориҳои пӯст.

Мақомот нагуфтанд, ки рӯйхатро бар асоси чӣ меъёр тартиб доданд, чун бовар меравад, феҳраст пурра нест. Дар нимаи аввали моҳи май ду табиби дигаре дар Хатлон ҷони худро аз даст доданд, ки Радиои Озодӣ хабар дода буд, вале ба рӯйхат шомил нашуданд.

Яке аз онҳо Саидаҳмад Гадоев, пизишки кӯдакон дар ноҳияи Восеъ аст, ки рӯзи 10-уми май дар 69-солагӣ бар асари бемории COVID-19 даргузашт. Ба қавли наздиконаш, ӯ яке аз беморонро барои муоина ба пойтахт овард ва баъди бозгашт ба ноҳия як ҳафта дар шифохона бистарӣ шуд ва дигар натавонист ба пой хезад.

Дигаре Раҷабалӣ Почоқулов, сардухтури бемористони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён аст, ки ба гуфтаи наздиконаш 14-уми май дар шуъбаи эҳёгарӣ фавтид.

Ҳодисаҳое низ ҳаст, ки дар ҷое нашр намешаванд ва ё аз чашми матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ дур мемонанд.

Як манбаи огоҳ гуфт, феҳрасти кормандони фавтидаи соҳаи тиб дар давраи коронавирус дар вилояти Хатлон бо ҳадафи расондани кумак ба хонаводаи онҳо таҳия шудааст. Қаблан се тарҳи ҷамъиятӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки ба оилаҳои пизишкони фавтида аз COVID-19 ҷубронпулӣ диҳанд. Бар асоси қарори расмӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумак расонанд.

Номи даҳ табиби фавтида дар Хатлон ошкор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ карданд ва ба иттилои расмӣ аз он замон то кунун 48 нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд. Дар рӯйхатти алтернативии қурбониён коронавируси нав ва илтиҳоби шуш дар Интернет номи беш аз 400 нафарро гирд овардаанд.

Наздикони пизишкони фавтида нахостанд, ки дар бораи марги онҳо ошкоро ва пурра суҳбат кунанд. Фақат гуфтанд, ки пеш аз моҳи май солим буда, дар шифохонаҳои вилоят ба муолиҷаи беморон машғул буданд.

Бархе аз пизишкон мегӯянд, дар рӯзҳои аввал онҳо дар бораи вуҷуди бемории ҳамагир чизе намедонистанд ва аксаран беморонро бе либосҳои муҳофизатӣ муоинаву муолиҷа мекарданд.

Як масъули бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар маркази вилояти Хатлон ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ҳоло аз вуҷуди беморӣ хабар доранд, вале аз камбуди васоили тиббиву муҳофизатӣ мушкил мекашанд. "Камбуди либосу респиратор ва ниқоби махсус дорем. Ин хатарнок аст, бояд либосҳо зуд-зуд иваз карда шаванд ва духтурон бе тарс кор кунанд. Ташноби пизишкону беморон бояд ҷудо бошад, онро ҳам надорем", - афзуд мусоҳиби мо.

Мақомот ҳамвора дар бораи таъмин будани пизишкон бо васоили беҳдоштӣ ва муҳофизатӣ суҳбат мекунанд ва мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир мизони гирифторшавии сокинон ба бемории ҳамагир кам шуда, талафот нест. Аммо бисёриҳо мегӯянд, ин ба маънои поёни беморӣ нест, чун баъзе аз беморон дар хона муолиҷа мекунанд.

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта гуфт, "пик" ё авҷи беморӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз нагузаштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG