Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони узбек аз нозирони роҳ барои ҳаҷвашон узр пурсиданд


Андиҷон, Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Андиҷон, Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳаҷвнигорони Узбекистон аз кормандони Раёсати бехатарӣ дар роҳҳои ин кишвар барои як тақлиди ҳаҷвияшон узр пурсиданд. Видеои узрпурсии ҳаҷвнигорон дар сомонаи раёсат нашр шудааст.

Ҳунармандони узбек Эркин Чолиев ва Дониер Ҳасанов моҳи апрел саҳнаеро дар бораи фаъолияти нозирони роҳ таҳия карда буданд: Нозири роҳ ронандаро барои бо суръати баланд рондан боз медорад, вале ронанда иддаои нозирро рад мекунад. Сипас нозир мегӯяд, ӯро барои таваққуф дар ҷои номумкин ҷарима мекунад. Ронанда дубора эътироз карда, мегӯяд, дар онҷо аломат нест. Дар натиҷа нозир ба ӯ пешниҳод мекунад, ки аз 2 қоидавайронкунӣ якеро интихоб намояд.

Эркин Чолиев ва Дониер Ҳасанов дар видеои ахир мегӯянд, таҳияи саҳначаи мазкур иштибоҳ буд ва онҳо фаъолияти нозирони роҳро, ки дар давраи карантин ҳама дар хона буданду онҳо кор мекарданд, қадрдонӣ менамоянд.

Дар Узбекистон солҳои ахир таҷрибаи узр пурсидан дар видео маъруф шудааст. Соли 2019 кишоварзе, ки занеро таҳқир карда буду навори он ба интернет роҳ ёфт бо нашри як видео узр пурсид. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон гуфтанд, ки кишоварзро ба узр пурсидан домоди президенти Узбекистон Отабек Умаров маҷбур кардааст.

XS
SM
MD
LG