Аъзои кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба созишномаи ин кишвар бо Русияро дар бораи шароити будубоши пойгоҳи низомӣ баррасӣ ва қабул карданд.
Русия барои пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон 866,2 га заминро ба иҷора гирифта, солона 4,5 миллион доллар медод. Ҷониби Қирғизистон дар пайи як санҷиш муайян кардааст, ки низомиёни рус 100 га замини бештар истифода мебаранд.
Баъди ба иҷро даромадни тағйиру иловаҳо пули иҷораи замин $291,6 бештар шуда, Русия ҳаққи истифодаи замини зиёдатиро аз соли 2012 ба ин сӯ пардохт хоҳад кард.
Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад. Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд.
Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.