Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои надоштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон қонунӣ мешавад


Акс аз бойгонӣ

Баъди беш аз як моҳи эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, ҳукумат ба порлумон санадеро пешниҳод намудааст, ки тибқи он барои надоштани ниқобҳои тиббӣ муҷозот пешбинӣ мешавад.

Рӯзи 8-уми июн дастикам се манбаъ дар Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дастрас кардаанд ва он барои нақзи меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла ба бар накардани ниқобҳои тиббӣ, ҷарима дар назар дорад.

Равшан Раҷабзода, вакил дар Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, баррасии ин тарҳро тасдиқ намуд, вале аз ироаи шарҳи бештар худдорӣ кард.

Як манбаи дигар дар ин Кумита бидуни зикри номаш гуфт, "лоиҳаро рӯзи 9-уми июн саркумита мебинад, баъд барои баррасии бештар ба Шӯрои маҷлис ва сипас барои қабул ба ҷаласаи вакилон пешниҳод мешавад".

Ин вакили Маҷлиси Намояндагон афзуд, намояндаҳо аз вазоратҳои тандурустиву адлия барои ширкат дар баррасии тарҳ ба порлумон даъват хоҳанд шуд. Мусоҳиби мо дар посух ба ин пурсиш, ки ҷарима барои надоштани ниқобҳои тиббӣ чӣ қадар аст, гуфт, аз ҳоло намехоҳад дар ин бора гап занад, вале афзуд, "ҷарима вазнин аст".

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастани ниқобҳои тиббиро ҳатмӣ намудаанд, вале барои саркашӣ аз он то ҳоло заминаҳои қонунии муҷозот вуҷуд надорад.

Таъини ҷарима барои истифода накардан аз ниқобҳои тиббӣ рӯзи 6-уми июн дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа аз ҷумла таъкид гардид, ки "бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад”.

Талошҳои ҷорӣ намудани ҷарима барои истифода накардан аз ниқобҳои тиббӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, чунин тасмим метавонад омилҳои коррупсиониро дар кишвар бештар намояд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ иқдоми ҳатмӣ намудани бастани ниқобҳо ва ҷавобгарӣ барои саркашӣ аз он хуб аст, вале ин масъала паҳлуҳои дигари манфӣ низ дорад.

"Баъзе кормандони мақомот аз мақомашон сӯиистифода намуда, онҳоеро, ки ниқоб надоранд бо гирифтани пора аз ҷавобгарӣ озод мекунанд ва нисбати баъзеи дигар чашм мепӯшанд. Бояд назорат дар ин самт ҷиддӣ шавад. Дигар ин ки Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бояд барвақт ин иқдомро амалӣ мекард, ба фикрам каме дер кард".

Рӯзи 8-уми июн мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки бо вуҷуди ҳатмӣ будани истифода аз ниқоби тиббӣ, на ҳама сокинон бо чунин ниқоб мегарданд. Шаҳло як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, ҳоло дар дорухонаҳо нархи як ниқоби тиббӣ аз 5 то бештар аз 35 сомонист, ки барои харидории он шароит надорад.

Бо зиёд шудани талабот бо ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон, чанд корхонаи нассоҷӣ ва соҳибкорон ба таҳияи он пардохтанд. Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ, ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале метавонанд хатари сироятро кам намоянд.

Мақомот дар ҳоле масъалаи гаштугузор бо ниқоби тиббиро аз роҳи қонунӣ ҷиддӣ мегирад, ки то санаи 8-уми июн тибқи иттилои расмӣ шумораи сироятёфтагон ба COVID-19 беш аз 4 ҳазору 500 ва қурбониён аз ин беморӣ 48 танро ташкил додааст. Оморе, ки бархе огоҳон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба он шубҳа намуда, мегӯянд, чунин омор метавонад аз ин бештар бошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (15)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG