Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Кушта шудани афғонҳо дар Язди Эрон "ҷиддӣ" таҳқиқ мешавад


Сафири Афғонистон дар Теҳрон Абдуғаффор Ливол ба аёдати захмиёни ин ҳодиса дар бемористони Язд рафт.
Сафири Афғонистон дар Теҳрон Абдуғаффор Ливол ба аёдати захмиёни ин ҳодиса дар бемористони Язд рафт.

Дипломатҳои афғон дар Теҳрон мегӯянд, баррасиҳо дар бораи оташ гирифтани мошини ҳомили муҳоҷирон ва паноҳандагони афғон дар шаҳри Язди Эрон идома дорад ва Кобул аз Вазорати умури хориҷии Эрон хостааст дар ин бора "таҳқиқоти ҷиддӣ" анҷом диҳад. Рӯзи панҷшанбеи 4-уми июн дар ҷараёни тирандозӣ ба як мошин ва сипас оташ гирифтани он дар Язд, се шаҳрванди афғон кушта ва ҳашт тани дигар захмӣ шуданд.

Фотима Толиқонӣ, котиби аввали Сафорати Афғонистон дар Теҳрон дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "талошҳои мо барои шиносоии шахсияти се паноҳҷӯ, ки дар оташсӯзии мошин дар шаҳри Язд сӯхтаанд, идома дорад. Захмиёни ин ҳодиса дар бемористон бистарианд ва муҳоҷироне, ки зинда мондаанд, назди ҳукумати Эрон ҳастанд".

Хонум Толиқонӣ айни замон аксҳое, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва сару садоеро ба миён овард ва захмиҳоро бо дастбанд нишон медод, таъйид кардааст. Тибқи гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, аксҳои захмиҳо бо дастбанд бар тахти бемористон, вокунишҳои тундеро дар пай доштааст.

Котиби аввали Сафорати Афғонистон дар Теҳрон мегӯяд, сафири кишвараш аз ин кори пулиси Эрон интиқод карда ва хостааст дастбанди захмиҳо боз шавад. Сафир Абдулғафури Ливол гуфтааст, ин кор ғайриқонунӣ ва нодуруст аст.

Ҳодисаи тирандозӣ ба мошини ҳомили паноҳандагон ва муҳоҷирони афғон дар Язд рӯзи чаҳоруми июн рух додааст, ки бар асари он 3 шаҳрванди Афғонистон ба ҳалокат расида ва 8 тани дигар маҷруҳ шуданд. Мақомҳо ва расонаҳои Афғонистон мегӯянд, тирандозӣ ба чархи мошин ва дар ниҳоят ба оташсӯзӣ ва куштани шудани шаҳрвандони ин кишвар анҷомид.

Мақомҳои Эрон мегӯянд, пулис ба ин мошин дастури истодан дод ва пас аз беаҳамиятии ронанда, кормандони пулис қисмати ақиби мошинро ҳадаф қарор доданд, аммо мошин дар ҳоле, ки чархи он оташ гирифта буд, чанд километр ба ҳаракат идома медиҳад ва дар натиҷа оташ мегирад.

Сафири Афғонистон дар Эрон таъйид кардааст, ки ин мошин ба "қочоқбарони инсон" тааллуқ доштааст. Мақомҳои вилояти Язд ваъда додаанд, ки масъулонеро, ки ба тирандозӣ ба тарафи мошин дастур додаанд, муҳокима хоҳанд кард..

Ин ҳодиса дар ҳоле аст, ки дар ҳафтаҳои гузашта масъалаи баррхӯрд бо муҳоҷирон, корҷӯён ва паноҳандагони афғон дар Эрон, баҳсҳои тундеро ба миён овардааст. Аввалҳои моҳи май нашри гузоришҳое дар бораи бадрафтории марзбонони Эрон бо гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, ки "боиси ғарқ шудани чанд тани онҳо шуд", вокунишҳоеро ба миён овард.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон эълом кардааст, ки дар мавриди ғарқ шудани корҷӯён дар марз таҳқиқоти ҳамаҷониба сурат мегирад. Мақомҳои Эрон ҳарчанд гуфта буданд, ин ҳодисаро ҳамроҳ таҳқиқ мекунанд, аммо гузоришҳои нашршуда дар ин робитаро радд карданд.

Алӣ Шамхонӣ, котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои афғони худ Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз шеваи пушиши ин гуна хабарҳо аз сӯи расонаҳои Афғонистон ибрози таассуф кардааст.

Аз сӯи дигар, аммо раиси Созмони ҳуқуқи башари Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "бархе аз раҳбарони мазҳабӣ ва мақомҳои давлатӣ робитаҳои пушти парда бо Эронро ҳифз кардаанд, натиҷа ҳамин аст, ки давлати Афғонистон натавонистааст ҳуқуқи афғонҳоро аз мақомоти эронӣ талаб кунад".

XS
SM
MD
LG