Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба эҳтимоли коҳиши шумори сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар вокуниш кард


Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳангоми дидор бо сарбозони кишвараш дар Олмон. Моҳи ноябри 2019
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳангоми дидор бо сарбозони кишвараш дар Олмон. Моҳи ноябри 2019

Мақомоти Олмон ба гузоришҳо дар бораи ин ки Амрико қасд дорад ҳазорҳо сарбозашро аз ин кишвар берун кашад, бо нигаронӣ вокуниш карданд.

Бино ба гузоришҳои нашршуда дар Иёлоти Муттаҳида ва Олмон, президент Доналд Трамп ба Пентагон дастур додааст, ки теъдоди сарбозонашро дар Олмон камтар кунад.

Нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 5-уми июн гузориш дод, ки аз 34 500 сарбози амрикоӣ дар Олмон 9500 тан коҳиш хоҳанд ёфт. Der Spigel-и Олмон ин рақамро аз 5000 то 15000 шумурдааст.

Питер Бейер, масъули ҳукумати Олмон барои равобит бо Амрико ва Канада ба хабаргузории dpa гуфтааст, “чунин тасмими президенти Амрико метавонад ба муносибати Олмону Амрико таъсири ҷиддӣ гузорад”.

Трамп муддатҳо боз шикоят дорад, ки Олмон масъулиятҳояшро дар доираи НАТО анҷом намедиҳад.

Дар ин байн Лаҳистон ё Полша ибрози умедворӣ кардааст, ки эҳтимол бархе аз нирӯҳои амрикоӣ аз Олмон ба ин кишвар кӯчонда шаванд.

XS
SM
MD
LG