Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки наздики 60 шаҳрванди Тоҷикистонро барои бозгашт ба ватан кӯмак кардааст.
Ин хабар рӯзи 6-уми июн дар саҳифаи Фейсбукии сафорати ИМА дар Тоҷикистон нашр шуд.
Онҳо аксаран донишҷӯёни барномаҳои "Флекс" ва "Фулбрайт" будаанд, ки дар як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ аз Амрико ба Душанбе расиданд.
Сафорати ИМА дар саҳифаи фейсбукиаш ба кормандони фурудгоҳи Душанбе барои мусоидат дар роҳандозии ин парвоз сипосгузорӣ кардааст.
“Тавассути ҳамкориҳои давомдор, якҷоя мо ин бӯҳронро пушти сар мекунем!”,-навишта шудааст, дар хабарномаи сафорат.
Аз ин пеш низ, рӯзи 3-уми май, беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд.
Ин парвоз дар ҳоле анҷом мегирад, ки парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март инҷониб қатъ шудааст.