Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: "Агар коронавирус дубора авҷ гирад, маҷбурем маҳдудиятҳоро баргардонем" САДО


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон рӯзи 3-юми июн гуфтааст, дар сурате ки ҳушдорҳо ҷиддӣ гирифта нашаванд ва коронавирус "дубора авҷ" бигирад, масъулон маҷбур хоҳанд буд, маҳдудиятҳоро дигарбора ҷорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Эрон аз ҷиҳати шумораи гирифторон ва ҳамчунин пайомадҳои иқтисодии ин беморӣ, бадтарин вазъиятро дар Ховари Миёна дорад.

Бар асоси омори расмии Вазорати тандурустии Эрон, то 3-юми июн шумораи гирифторон ба коронавирус дар ин кишвар 160 ҳазору 696 нафар ва теъдоди қурбониён ба 8 ҳазору 12 нафар расидааст. Рӯзи дувум аст, шумораи гирифторон ба коронавирус дар Эрон беш аз се ҳазор нафар эълом мешавад.

Пеш аз ин ниҳодҳои байналмилалӣ гуфта буданд, ки шумораи қурбониён ва гирифторон ба коронавирус дар Эрон бештар аз омори расмӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба ибрози нигаронии вазири тандурустӣ дар бораи афзоиши сафарҳо дар рӯзҳои ахир ва эҳтимоли авҷгирии сирояти беморӣ дар шаҳрҳое, ки мусофир мепазиранд, таъкид кард. Ӯ гуфт: "Ҳушдорҳои масъулин дар бораи авҷгирии дубораи беморӣ дар сурати риоят накардани дастурҳо, бояд аз сӯи мардум ба таври ҷиддӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад".

"Агар коронавирус дубора авҷ гирад..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

"Агар дар бахше аз кишвар ин ҳушдорҳо ҷиддӣ гирифта нашавад ва Худое накарда сирояти беморӣ дубора авҷ гирад, масъулин маҷбуранд маҳдудиятҳоро дубора ҷорӣ кунанд. Ин масъала зиндагии оддии шаҳрвандонро дучори мушкил хоҳад кард ва ҳам осебҳои иқтисодии ҷиддӣ ба ҷомеа хоҳад зад", - афзуд Рӯҳонӣ.

Пеш аз ин мақомҳои ҳукумати Эрон аз коҳиши маҳдудиятҳо дар баъзе аз минтақаҳо, ки хатари сирояти коронавирус кам аст, хабар медоданд. Вале аз ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар ҳама шаҳрҳои Эрон коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин бора раиси ҷумҳури Эрон рӯзи шанбе гуфт, мардум бояд худашон муқарраротро риоят кунанд.

Каёнуш Ҷаҳонгирӣ, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон, ҳам рӯзи чаҳоршанбе вазъият дар вилоятҳои Хузистон, Ҳурмузгон, Озарбойҷони шарқӣ ва ғарбӣ, Курдистон, Кирмоншоҳ, Бушаҳр, Сиистон ва Балуҷистон, Қазвин ва Хуросони разавиро нигаронкунанда гуфта буд.

Вай дар идома гуфт, "дар 10 вилоят ҳолатҳои фавти сокинонро надоштем ва дар 6 вилоят фақат як мавриди фавт доштем. Феълан фақат вилояти Хузистон дар вазъият қирмиз (сурх) қарор дорад".

Тибқи гузоришҳо, пинҳокнории мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи сирояти коронавирус дар вилояти Қум боис шуд, ки ин беморӣ ба ҳамаи минтақаҳои ин кишвар паҳн шавад. Дар ҳамин ҳол, дар мавриди омори расмии қурбониёни беморӣ ҳамчунон шакку тардиди ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG