Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 2 июн парвандаи блогер Элмирбек Сидимановро баррасӣ кард.
Тавре вакили дифои блогер Алӣ Магаев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ҷониби айбдоркунанда дар мурофиа барои шахси зери ҳимояи ӯ 6 соли зиндон талаб кардааст.
"Додрас дархост бораи гузаронидани ташхиси забоншиносиро рад кард. Блогерҳо нахуст Сидимановро таҳқир карда, ба номи модару хоҳараш дашном додаанд. Сипас ӯ ба онҳо посух додааст. Вай ба бадбинии қавмӣ даъват накардааст", - афзуд вакили дифоъ.
Мурофиаи навбатии блогер ба рӯзи 5 июн гузошта шудааст.
Элмирбек Сидимановро 17 феврали соли равон бо гумони барангехтани бадбинии қавмӣ боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Додгоҳи шаҳри Бишкек 28 феврал дархости вакили дифои блогерро қабул карда, ҳукми ҳабси пешакии вайро ба ҳабси хонагӣ тағйир дод.
Ба ҳабси блогер ҳарфҳое сабаб шуданд, ки ӯ ҳангоми пахши мустақим тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар бораи лаҳҷаҳо баён кардааст.