Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав маҳдудиятҳои иҷтимоиро кам мекунад, Бразилия нуқтаи доғ боқӣ мемонад


31 май, майдони Сурхи Маскав
31 май, майдони Сурхи Маскав

Баъди ду моҳи маҳдудиятҳо шурӯъ аз 1 июн дар Маскав марказҳои тиҷоратӣ, боғҳо ва тиҷоратҳои хурди мисли хадамоти либосшӯӣ дубора боз шуданд. Ин тасмим баъди як изҳороти президенти Русия Владимир Путин гирифта шуд, ки то ҳол 405 ҳазор нафарро сироят ва ҷони 4700 нафарро гирифтааст. Мардум ҳақ доранд барои кӯтоҳмуддат, масалан, барои харид ваё зарурати корӣ бар асоси иҷозати махсус берун бароянд. Бо ин вуҷуд мақомоти Маскав мегӯянд, тарабхонаву кафе ва толорҳои синамо феълан баста боқӣ мемонанд ва то 14 июн - замони побарҷо мондани қоидаҳои карантин баргузории маъракаҳои серҷамъият манъ аст. Маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар Маскав, мисли дигар нуқоти ҷаҳон, аз моҳи март шурӯъ мешавад. Айни замон дар Маскаву дигар манотиқи Русия як қишри аҳолӣ аз бекоршавии сареи қоидаҳои карантин норозӣ ҳастанд ва аз афзоиши якбораи ҳодисаҳои нави олудагӣ ҳарос доранд.
Ин дар ҳолест, ки шумори олудашудаҳо дар саросари ҷаҳон аз 6,1 миллион нафар гузашта, дар Бразилия ҳодисаҳои марг дар ҳоли афзоиш аст. Дар Бразилия, ки аз назари олудагии аҳолиаш ба ҷои дуюм дар ҷаҳон баромадааст, 515 ҳазор сироятшуда ва 29 ҳазор ҳолати марг сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG