Маркази фармондеҳии Амрико дар Африқо иддаои Маскавро рад кард, ки гӯё ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар дар Либия ҷойгир нашудаанд.
Генерал Грегори Ҳэдфилд гуфт, бар асоси назорати Иёлоти Муттаҳида, 14 ҳавопаймои ҷангии навъи МиГ-29 ва Су-24 пас аз парвоз аз Русия дар пойгоҳи ҳавоии Ал-Ҷуфра дар Либия нишастанд.
Ин пойгоҳ дар ҳоли ҳозир аз муҳимтарин марказҳои Халифа Ҳафтар, фармондеҳи Артиши Миллии Либия ба шумор меравад.
Муовини фармондеҳи Маркази фармондеҳии Амрико дар Африқо рӯзи 29-уми май ба хабарнигорон гуфт, фаъолиятҳои Русия дар Либия ва пуштибониаш аз нирӯҳои Халифа Ҳафтар “нигаронкунанда” аст.
Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи байнулмилалӣ ҳукумати Либияро, ки машғули набард бо артиши худхондаи Либия аст, ба расмият мешиносанд.
Русия мегӯяд, бо ҳамаи ҷонибҳои дахил дар ҷанги дохилии Либия дар тамос аст, то буҳрони ин кишвар бо гуфтугӯ ҳаллу фасл шавад.