Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои "Уралские авиалинии" 22 муҳоҷир ва 6 тобутро ба Душанбе овард


Як ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" 22 шаҳрванди Тоҷикистон ва тобути шаш муҳоҷири фавтидаро аз Маскав ба Душанбе овард. Парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ 29-уми май сурат гирифт.

Як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳукми ихроҷи 22 муҳоҷир барвақт содир шуда, онҳо дар боздоштгоҳҳои Маскав қарор доштанд. Ҳавопаймо дар роҳи бозгашт шаҳрвандони Русияро ба Маскав мебарад.

Дар наворе, ки рӯзи 29-уми май корбарони Радиои Озодӣ аз фурудгоҳи Душанбе фиристоданд, дида мешавад, гурӯҳе аз мусофирон барои парвоз ба Русия омода мешаванд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, онҳо дар мадди аввал ихроҷшудаҳоро ба ватан мефиристанд. Дар баробари онҳо, садҳо муҳоҷири қатории тоҷик мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Ҳанӯз маълум нест, парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мегардад ва ҳамингуна марзҳои байни кишварҳо кай боз мешавад. Парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG