Шаҳри Брисбени Австралия мехоҳад мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва Паралимпии соли 2032 шавад. Ин ташаббусро шахсан сарвазири иёлат Квинсленд Анастейша Палашук дастгирӣ мекунад.
Дар айни ҳол кори гирифтани иҷозати расмӣ аз ҳукумат ҷараён дорад. Мавриди зикр аст, ки аксари афроди расмии кишвар ин ғояро дастгирӣ карданд.
Брисбен яке аз бузургтарин шаҳрҳо дар иёлати Квинсленди Австралия мебошад. Дар Квинсленд инчунин яке аз мусобиқаҳои бузурги анъанавӣ дар оғози мавсими нави теннис баргузор мешавад.
Чунонки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон (olympic.uz) хабар додааст, инчунин Ҳиндустон барои мизбонии Бозиҳои тобистони олимпӣ ва Паралимпии соли 2032 талош дорад.
Австралия дар таърихи худ ду маротиба Олимпиадаро баргузор кардааст (Мелбурн, 1956 ва Сидней, 2000).
Дар Бозиҳои XXVII тобистонаи олимпӣ, ки аз 15-уми сентябр то 1-уми октябри соли 2000-ум дар Сиднейи Австралия баргузор шуд, 10647 варзишгар (4068 зан ва 6579 мард) ширкат карда, оид ба 34 намуд барои 300 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.
Дар ин Бозиҳо дар ҳисоби умумӣ ва сифати медалҳо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 93 медал (37 тилло, 24 нуқра ва 32 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 89 медал (32 тилло, 28 нуқра ва 29 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Чин бо касби 58 медал (28 тилло, 16 нуқра ва 14 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол намуданд.
Дар Бозиҳои XXVII тобистонаи олимпӣ дар Сиднейи Австралия аз Тоҷикистон чаҳор варзишгар – Сергей Забавский, Гулсара Дадабоева (ҳарду оид ба варзиши сабук), Фарҳод Орипов ва Катерина Измайлова (ҳарду од ба шиноварӣ) - иштирок карданд.
Гулсара Дадабоева дар байни намояндагони Тоҷикистон натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар марафон миёни занон ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо карда, бо натиҷаи 2:51.03 мақоми 41-умро касб намуд. Дар чунин навъи рақобатҳо миёни мардон Сергей Забавский дар даври ниҳоӣ бо натиҷаи 2:30.29 мақоми 68-умро соҳиб шуд.
Катерина Измайлова дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод миёни занон бо натиҷаи 11:19.12 ҷойи 54-умро азони худ кард. Вале Фарҳод Орипов дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод миёни мардон барои вайрон кардани қоидаҳои мусобиқот аз сабқат хориҷ шуд.
Мардуми Хучанд бехтарин зехният дорад. Агар Шумон гирди мо чам мешудед вазифаталаби намекардед имруз дар ба дару таги тег карор надоштед.
Шахид Мухамадбокир рухат шод бод. Худованд магфират кунад. Мард буд
Такими темпами, в ТЧ, скоро все святые и пророки померкнут по сравнения с нашим «солнцеликим пешво», гкнб всех заставит выступить по госканалам, и брать на себя даже убийство Кеннеди и Ленина одновременно
Бале, соли 2018 барои робитаҳо хуб шаванд, Боқирро ба Душанбе даъват кардан у нарафт, ғурури баландаш даъватро напазируфт. Ба ёдам ҳаст, дар як сӯҳбаташт гуфт: "Ин замин ба онҳо аз бобоҳояшон намондааст " Причем ин ҷо бобову бибӣ? Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоле, ки марзҳояш муайян асту замини ҳамаи тоҷикистониҳост ! Ғурури баланд монеаи мувафақ шудани инсон мегардад. Мардро хоксорӣ ва сабр мезебад ва маҳз ҳамин сифатҳо ба баландиҳо мерасонанд
Захираҳои орду гандум низ «сирри давлатӣ» мешудаст, нав фахмидем. Бехтараш гуед, ки ин сири оилаи рахмонуф мебошад. Бе ичозати Шамсло ё Рахмонуф гап зада наметавонед.