Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои се тарҳи ҷамъиятӣ дар бораи COVID-19 ба ҳукумат


Се тарҳи ҷамъиятӣ мақомоти Тоҷикистонро барои пинҳон доштани омори воқеии гирифторон ва ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 танқид кардаанд.

Изҳороти ихтиёриёни тарҳи kvtj.info, тарҳи расонаии МедиаМаркер ва ҳайати Ибтикори ҷамъиятии “COVID-19: Тоҷикистон” рӯзи 25-уми май дар Фейсбук нашр шуд.

Дар он ҳамчунин аз мақомот тақозо шудааст, ки карантини “нарм” ҷорӣ карда, хидматрасонии пулакӣ дар соҳаи тибро бекор ва маоши кормандони тибу ниҳодҳои ҳолати фавқулодаро се баробар зиёд кунанд.

Ҷубронпулӣ ба оилаҳои пизишкони фавтида аз COVID-19 ва шомил шудани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав аз пешниҳодҳои дигари онҳост.

Баъд аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон чанде аз пизишкону коршиносон ва хабарнигорон низ пешниҳодҳои худро барои бархӯрд бо COVID-19 ва пуштибонӣ аз табибон ба ҳукумат ироа карда буданд. Радиои Озодӣ чанде аз ин пешниҳодҳоро бо ҳадафи эҷоди баҳси озод ва ҳам ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумат ба масъала нашр кард.

Се тарҳи ҷамъиятӣ нақши мақомотро дар рад кардани эътирофи вуҷуди COVID-19 интиқод ва матбуоти мустақил ва ҷомеаи маданиро дар огоҳонии мардум дар ин давраи бӯҳрони беҳдоштӣ муҳим арзёбӣ кардаанд.

Дар баёния, аз ҷумла, омадааст, “хушбахтона, сатҳи огоҳии мардум низ батадриҷ боло меравад, аммо тамоюли мақомот ба пинҳон доштани маълумот ва иттилооти марбут ба ин беморӣ аз байн нарафтааст”.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 24-уми май дар кишвар беш аз 2900 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 46 кас фавтидаанд.

Пойгоҳи интернетии kvtj.info, ки феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни COVID-19 ва "илтиҳоби шуш"-ро нашр мекунад, то 25-уми май номи беш аз 340 нафарро гирд овардааст. Ба қавли масъулонаш, 57 нафари онҳо кормандони тиб ҳастанд.

Мақомот дастрасӣ ба ин пойгоҳро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Айни замон ин омор бар асоси навиштаҳои сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо таҳия шуда, дар сомона ишора кардаанд, ки бахше аз он тасдиқшуда ва қисми дигар дар ҳоли санҷиш ва тасдиқ шудан аст. Дар ин байн ба ин феҳраст номи яке аз хабарнигорони тоҷик ҳам ворид шуда буд, ки баъд аз эълони зинда буданаш ҳазф гардид. Эҳтимол ин ҳолат замоне рух дод, ки ҳар шахс ҳақ дошт дар сомона маълумот ворид кунад ва он дарҳол дар интернет пайдо шавад.

XS
SM
MD
LG