Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3 ҳазор гузашт


Шумори гирифторони бемори COVID-19 дар Тоҷикистон расман аз 3 ҳазор нафар гузашт. Мақомот гуфтанд, аз ин беморӣ то ин дам 46 вафот карда, 1395 кас ҳам шифо ёфтанд.

Аммо бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" беш аз 340 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Мақомот дар ду рӯзи ахир аз коҳиши гирифторӣ ба коронавируси нав хабар медиҳанд. Дар як ҳафтаи ахир Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза аз гирифтории беш аз 200 нафар ба бемории COVID-19 хабар медод. Аммо ду рӯзи ахир Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди мубталошудагон аз 180 нафар камтар аст.

Дар ҳамин ҳол мақомот дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мегӯянд, сироятёфтагон ба коронавируси нав дар беморхонаҳо камтар шудааст.

Мақомот мегӯянд, ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 2773 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 25-уми май гуфт, зиёда аз 7 ҳазор пизишк барои табобати гирифторони COVID-19 машғуланд. Дар ҳафтаҳои ахир шикоятҳо аз камбуди табибон ба маводи эҳтиётӣ дар расонаҳо зиёд садо дод. Ҳарчанд масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯяд, пизишконро бо лавозимоти зарурӣ таъмин кардаанд.

XS
SM
MD
LG