Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон: тарҳи насби ҳисобкунакҳои газро ба ширкатҳои шаҳрдори Тошканд доданд


Сар аз моҳи июли соли ҷорӣ дар Узбекистон дар манзилҳое, ки газ насб шудааст, ҳисобкунакҳои нави "ҳушманд" насб мекунанд. То соли 2022 дар Узбекистон нақша доранд, ки ба бештар аз 3,5 миллион манзил ҳисобкунаки "ҳушманд"-и газ насб кунанд.

Ҳадаф аз ин тарҳ, ба гуфтаи мансабдорон, хотима бахшидан ба норасоии газ аст, ки солҳост, сокинони он кишвар ранҷ мекашанд. Вазорати энержии Узбекистон мегӯяд, ҳисобкунакҳои "ҳушманд" мушкили дуздии газро дар кишвар ҳал мекунанд.

Ширкати "Ҳудудтаъминот" пешниҳод дорад, ки ин ҳисобкунакҳоро дар манзилҳои сокинон ройгон насб кунад.

Аммо коршиносон мегӯянд, қимати ҳисобкунакҳо аз ҳисоби боло бурдани арзиши газ ҷуброн хоҳад шуд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ ширкате, ки ҳисобкунакҳоро насб мекунад, қимати тарҳро 555 миллион доллар арзёбӣ кард.

Фармоиши давлатиро дар ҳаҷми 555 миллион доллар ду ширкати марбут ба раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев соҳиб шудааст.

Ин ягона фармоиши давлатӣ нест, ки дар Узбекистон ба шаҳрдори Тошканд дода мешавад. Аммо Ортиқхоҷаев то кунун машғул буданашро ба тиҷорат боре ҳам шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG