Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон марзбони захмишуда дар низоъ бо Тоҷикистонро ба Маскав мефиристад


Раиси ҷумҳури Қирғизистон аз вазъи марзбони захмишуда дидан кард
Раиси ҷумҳури Қирғизистон аз вазъи марзбони захмишуда дидан кард

Қирғизистон мехоҳад, марзбони худро, ки рӯзи 8-уми май дар натиҷаи як низои марзӣ бо Тоҷикистон захмӣ шуда буд, барои табобат ба шаҳри Маскав фиристад.

"Ин масъала зери назорат қарор дошта, бо модари сарбоз вохӯрӣ анҷом шудааст ва ду гузинаи ҷарроҳии марзбон дар ҳоли баррасӣ аст. Табибон метавонанд, ӯро дар ватан ҷарроҳӣ кунанд, вале модари сарбоз талаб дорад, ки писарашро барои ҷарроҳӣ ба Маскав фиристанд. Марзҳо дар пайи хуруҷи коронавирус баста шудаанд ва ҳоло масъалаи интиқоли сарбоз ба Русия баррасӣ мешавад", - хабар додааст сухангӯи сарвазири Қирғизистон Адилет Султоналиев дар Твиттер.

Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи 22-уми май иттилоъ дод, ки вазъи сарбози захмӣ муътадил аст.

8-уми майи соли равон дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон низоъ рух дода, дар он аз силоҳ низ истифода шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, дар натиҷа се марзбони онҳо захмӣ шуда, баъди ду рӯзи табобат дар Бодканд ба бемористони Бишкек интиқол ёфтанд. Ҳамаи сарбозон аз ноҳияи қафаси сина захмӣ гашта, ду нафарашон баъди ҷарроҳӣ рӯзи 22-уми май аз беморхона рухсат шуданд. Вазъи марзбони севум Султонбек Мирбек баъди ду ҷарроҳӣ низ вазнин арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи низои мазкур аз тарафи Тоҷикистон ду нафар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG