Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 муҳоҷири дигарро аз Русия ба ватан оварданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, шаби 25-уми май инчунин 13 тобути муҳоҷирони фавтида аз Русия оварда шудааст.
Аз муҳоҷироне, ки шаби 25-уми май бо парвози махсуси ширкати Ютэйр ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, 197 нафарашон муҳоҷироне будаанд, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ будаанд.
Дар ингуна марказҳо асосан муҳоҷироне нигоҳдорӣ мешаванд, ки қарори додгоҳ барои ихроҷашон содир шудааст.
Аммо маълум нест, ки 40 нафари дигар, ки бо парвози махсус ба Душанбе расиданд, киҳо мебошанд.
Пеш аз ин рӯзи 20-уми май ҳам як гуруҳи дигари муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик ва ҷасади чанд муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Тоҷикистон дар ҳоле шаҳрвандони ихроҷшудаашро бо парвозҳои махсус аз Русия меорад, ки ин гуруҳи муҳоҷирон вақтҳои ахир аз вазъи тоқатфарсои худ шикоят доштанд. Кор ба ҷое расид, ки як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар як боздоштгоҳи Екатеринбург даст ба эътироз зада буданд.
Мақомот мегӯянд, бар асоси як нақша шаҳрвандони дармондаи тоҷикро аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегардонанд.
Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.