Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори Шаҳритус ба даҳҳо тоҷир зиён расондааст. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро таҳқиқ дорад, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Сӯхтори рӯзи 24-уми май даҳҳо дӯконро ба коми худ кашид ва ба ҳисоби ибтидоии мақомот ба садҳо тоҷир зиён расонд.

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 25-уми май дар хабарномае гуфт, аз рӯи хулосаҳои пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, дар сӯхтори бозори Шаҳритус "2 сарой (навес)-и фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрокворӣ, 10 нуқтаи фурӯши маҳсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 дӯкон аз коми оташ наҷот дода шуд."

Шоҳидон мегӯянд, ду мошини оташнишонии ноҳияи Шаҳритус натавонистанд, алангаи оташро хомӯш кунанд ва барои кумак мошинҳо аз ноҳияи Носири Хусрав ва Қубодиён даъват шудааст.

Саймуддин Лоиқов, як масъули ҳукумати Шаҳритус, 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бештари дӯконҳо аз масолеҳи пластикӣ сохта шуда буд ва онҳо натавонистанд оташро зуд хомӯш кунанд. "Вале чанд хона ва бонку дорухонаҳои атрофи бозоро тавонистем аз чанги сӯхтор наҷот диҳем", - афзуд ӯ.

Соҳибкорон мегӯянд, дар шароити ногувор мондааанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд. Қурбоналӣ Қурбонов, тоҷири бозори марказии Шаҳритус, мегӯяд, ба ҷуз аз бору дӯконҳои бародаронаш, ки ба коми оташ рафтанд, худаш низ 100 ҳазор сомонӣ зарар дидааст. "Ба ҷаласа даъват карданд, вале рафта натавонистам. Ҳуҷҷатҳоро аз ҷойи ҳодиса мекобам, вале пайдо накардам. Ҳуҷҷате, ки ба мардум қарз дода будем. Ман зарари зиёд дидам, боз 5 дӯкони бародаронам сӯхт, намедонам, ки чӣ мешавад," - афзуд ӯ.

Фаридун Тошев, як соҳибкори дигари бозори Шаҳритус дар ин ҳодиса дӯконашро аз даст додааст. Ӯ то чанд рӯзи пеш дар бозор маҳсулоти хӯрокворӣ мефурӯхт ва ҳоло мегӯяд, сӯхтор ба ӯ 80 ҳазор сомонӣ зиён расонд. Мақомот ба Тошев ва дигар соҳибкорон ваъдаи кӯмак кардаанд.

"Дар маҷлис гуфтанд, ки бозоро сохта медиҳанд ва соҳибони дӯконҳоро то сохтани бозор аз андоз озод мекунад. Ман аз фурӯшгоҳҳои Душанбе қарздор ҳастам, аз онҷо маҳсулотро ба қарз мегирифтам, намедонам, оқибати корамон чӣ мешавад", - гуфт ин соҳибкор.

Дар ҳамин ҳол, Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, андозро камтар мекунанд ва масъалаи пардохти қарзҳои бонкии тоҷиронро баррасӣ менамоянд.

Раиси ноҳия афзуд, идораи Тоҷикматлубот ваъда додааст, дар муддати кӯтоҳ бозорро аз нав месозад.

Ноҳияи Шаҳритус ду бозори калон дорад. Яке бозори марказист, дувумӣ - "Ином". Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Аммо масъулини ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, рӯзи 24-уми май на бозори "Ином", балки бозори марказии ноҳия сӯхтааст.

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:12 0:00

XS
SM
MD
LG