Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия аз назари теъдоди беморон аз Русия гузашт


Яке аз тарафдорони раиси ҷумҳури Бразилия Болсонаро, ки барои амалкардҳояш дар замони пандемия танқид шудааст.
Яке аз тарафдорони раиси ҷумҳури Бразилия Болсонаро, ки барои амалкардҳояш дар замони пандемия танқид шудааст.

Сирояти коронавируси нав дар Бразилия суръат гирифтааст ва ин кишвар аз назари сироят аз Русия гузашт. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Амрикои Ҷанубиро “маркази нав”- и пандемия эълон кард. Дар Бразилия то кунун тақрибан 330 900 мавриди сирояти коронавирусро сабт кардаанд, ки бемории СОVID-19-ро бармеангезад. Талафот аз беморӣ дар Бразилия аз 21 ҳазор нафар ҳам гузашт.

Ҳоло Бразилия аз назари сироят баъд аз Амрико дар мақоми дуввум қарор дорад ва то чанд рӯзи гузашта дар ин кишвар ҳар рӯз бештар аз 1000 нафар мефавтид. Майк Райан, яке аз мудирони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “Албатта нигаронӣ дар ҳама кишварҳо ҳаст, аммо айни замон мояи нигаронии аз ҳама бештар Бразилия аст.”

Бино ба оморҳои ҷамъовардаи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико, то кунун вируси нав дар ин кишвар ба бештар аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар сироят кардааст ва 96 ҳазор нафарро куштааст. Дар Русия тақрибан 326 ҳазору 500 нафар бемор шудаанд ва 3200 нафар ҷон додаанд. Айни замон Чин гуфт, ки баъди хуруҷи беморӣ дар вилояти Вуҳан дар соли гузашта бори аввал аст, ки дигар ягон мавриди сироятро сабт накардаанд.

XS
SM
MD
LG