Як ҳавопаймои Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Покистон бо 99 мусофир дар як маҳаллае дар шаҳри Карочи суқут кардааст. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки ҳавопаймои Аэробус А320, ки аз шаҳри Лоҳур ба Карочӣ мерафт, баъд аз зуҳури мушкили фаннӣ дар он дар рӯзи 22 уми май сарнагун шудааст.
Аршад Малик, яке аз мудирони ширкат, гуфт, ки халабонҳо пеш аз суқути ҳавопаймо доир ба пеш омадани мушкилот дар парвоз хабар додаанд. Дар видеову аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ба ҳаво печидани дуд аз дохили як маҳаллаи аҳолинишин ба назар мерасад.
Чандин нафар дар ин маҳалла захмӣ шудаанд. Узро Печуҳо, вазири беҳдошти музофоти Синд, ки шаҳри Карочӣ ба он шомил аст, гуфт, ки ҳадди аққал 11 нафар ба ҳалокат расидаанд ва шаш маҷрӯҳ ба бемористон расонрда шудаандю Вай изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи кушта ва захмишудагон бештар буда метавонад.
Сухангӯи ҳукумати вилояти Синд, Абдуррашид Чанна гуфт, ҳадди аққал як сарнишини ҳавопаймо зинда монд ва бо мақомоти бемористон сӯҳбат кардааст. Ҳокими Синд дар ҳамаи бемористони Карочӣ вазъи фавқулода эълон кард
Ба гуфтаи шоҳидон, ҳавопаймо пеш аз суқут, ду ё се дафъа саъйи нишастан кардааст. Вебсайти flightradar24.com, ки парвози ҳавопаймоҳоро сабт мекунад, гуфтааст, ки ҳавопаймои Айробус A320 15 сол пеш истеҳсол шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба номи раиси ҷумҳури Покистон дар робита ба ин фалокат изҳори ҳамдардӣ кардааст.