Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони Ҷамол Хошуқчӣ қотилони падарашонро бахшиданд


Ҷамол Хошуқчӣ
Ҷамол Хошуқчӣ

Писарони рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ, ки тирамоҳи соли 2018 дар Туркия кушта шуд, қотилони падарашонро бахшиданд. Дар ин бора Салоҳ, яке аз писарони Хошуқчӣ тавассути твиттер хабар дод.

Дар изҳороти вай омадааст, ки "дар шаби қадри моҳи мубораки Рамазон" писарони шаҳид Ҷамол Хошуқчӣ қотилони падарашонро мебахшанд.

Сутуннависи нашрияи The Washington Post Ҷамол Хошуқчӣ моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди куштор ҷасади Хошуқчиро реза ва аз консулгарӣ берун бурданд. То кунун пораҳои ҷасади ӯ пайдо нашудааст.

Хошуқчӣ сиёсатҳои Риёз ва ба вижа валиаҳди кишвар Муҳаммад бин Салмонро танқид мекард. Яке аз гумонбарони асосии қатли рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳд дониста мешавад.

Созмонҳои байналхалқӣ гуфтанд, мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Хошуқчӣ, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ посухгӯ нест. Моҳи декабри соли гузашта панҷ тан аз айбдоршавандагони куштори рӯзноманигор ба ҳукми қатл ва се тани дигар ба зиндон маҳкум шуданд.

Охири моҳи март Туркия 20 танро дар куштори Хошуқчӣ айбдор кард. Бисёре аз айбдоршавандаҳоро зиндони якумрӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG