Як мақоми баландпояи Амрико гуфт, интизор меравад, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп як аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ бо Русияро тамдид кунад. Мӯҳлати эътибори аҳднома бо номи “START-и нав» соли оянда ба поён мерасад. Роберт О Брайан, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико рӯзи 21-уми май дар ин бора сӯҳбат кард ва дар рӯзе, ки Амрико гуфт, аз аҳдномаи дигари амниятӣ бо номи Осмони Боз хориҷ мешавад.
Мақомоти Амрико гуфтанд, азбаски Русия ин аҳдномаро чанд дафъа риоят накардааст, Амрико аз он берун мешавад. Бар асоси ин санад, ки 35 кишвар имзо кардаанд, онҳо ҳақ доранд, бо ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ дар фазои якдигар парвоз карда ва қаламравҳои ҳамро таҳқиқ кунанд.
Доналд Трамп айни замон ишора кардааст, ки Амрико таҳти шароити мушаххасе метавонад, дар аҳднома бимонад. Аҳдномаи “START-и нав», ки соли 2010 байни Амрикову Русия имзо шуд, ба ҳарду ҳақ намедиҳад, бештар аз як ҳадди муайян кулоҳакҳои атомӣ ва системаҳои партоби онҳоро дошта бошанд. Бар асоси санад, ду кишвар ҳақ доранд, иҷрои аҳдномаро ба таври фарогире дар маҳалҳо тафтиш кунанд ва ҳамин банди он яке аз сабабҳои аслии тамдиди муҳлати эътибори аҳднома будааст.
Моҳи феврали оянда ҳукми эътибори санад ба поён мерасад, ба шарте ки ду тараф онро барои панҷ соли дигар тамдид накунанд. Роберт О Брайан ба телевизиони Фокс Нюс гуфтааст, ки Амрико барои нигаҳ доштани созишнома бо Русия музокироти самимиро ба роҳ мемонад.