Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 июн - санаи эҳтимолии ҷашни Ғалаба ва референдум дар Русия


Дар Кремл имкони баргузории ҷашни Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва раъйпурсии тағйирот ба Конститутсияро дар як рӯз - 24 июн баррасӣ доранд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.

24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Манобеъ дар Кремл гуфтанд, ки доир кардани ду чорабинӣ дар як рӯз аз он ҷиҳат мувофиқ аст, ки рӯзи 24 истироҳат эълом хоҳад шуд.

Владимир Путин, президенти Русия 25 март хабар дод, ки ба далели вабои вируси корона раъйдиҳии тағйирот ба Конститутсия ба таъхир гузошта мешавад. Миёнаҳои моҳи арпел эълом шуд, ки гузашти низомии бахшида ба Пирӯзӣ низ ба таъхир меафтад.

Бино ба иттилои охирин, дар Русия то 19 май қариб 300 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG