Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини шаҳрдор ва 9 табиб дар Қирғизистон ба коронавирус мубтало шудаанд


Яке аз озмоишгоҳҳо дар Қирғизистон
Яке аз озмоишгоҳҳо дар Қирғизистон

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев хабар дод, ки муовини шаҳрдори Норин ба коронавирус мубтало шудааст.

Дар Қирғизистон 20 май 27 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 19 мубталошуда сокини вилояти Норинанд.

"Дар миёни онҳо муовини шаҳрдор ва 9 табиб низ ҳастанд. Ҳамаи шахсоне, ки бо онҳо тамос доштанд, аз озмоиш гузаронида мешавад. Ҳамаи мубталошудаҳо ба табобат фаро гирифта шуда, вазъашон муътадил аст", - изҳор дошт Усенбоев 20 май.

Дар вилояти Норини Қирғизистон сирояти коронавирус аз таваллудхона оғоз шуда, 6 корманди он ба вирус мубтало шуда буданд. Дар натиҷа Вазорати тандурустӣ сабабҳои сирояти табибонро оғоз кард.

То 20 май ҷамъан 1270 сокини Қирғизистон ба коронавирус мубтало шудааст. Танҳо дар вилояти Норин 213 ҳолат ошкор гаштааст.

XS
SM
MD
LG